Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ
Китоб ва хазинаҳои адабӣ аз аҳди қадим барои миллати тоҷик ҳамчун сармояи хирад ва ганҷинаи маърифат арзёбӣ гардидаанд. Ниёгони мо бо арҷ гузоштан ба илму дониш, барои тарбия ва камолоти насли оянда саҳми назаррас доранд.
Бо ҳадафи ташвиқу тарғиби ахлоқи ҳамида ва таълиму тарбияи ҷавонони даврони Истиқлол, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳои муосир ва рушди соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ин тадбирҳои созанда имрӯз ба таври равшан дар зиндагии ҷомеа эҳсос мегарданд.
Бо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани хазинаҳои бузурги илму фарҳанг дар кишвар, як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” роҳандозӣ гардиданд, ки завқу рағбати мардумро ба китобхонӣ ва китобхонаҳо зиёд намудаанд.
– Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои наҷиб, бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба махзани илму маърифат ва таҳкими ҷаҳонбинии насли ҷавон, имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун ташаббусҳои шоистае роҳандозӣ шудаанд, – мегӯяд директори Муассисаи давлатии Китобхонаи марказии ноҳия Муқимиён Ориёнабону. – Дар баробари ташкили “Китобхонаи сайёр” ва ташрифи дастаҷамъонаи кормандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ба китобхонаҳои оммавӣ, муассисаҳои томактабии ноҳия низ кӯдаконро барои шиносоӣ бо китоб ба китобхонаи кӯдаконаи марказӣ меоранд.
Чуноне ки ҳамсуҳбатамон иброз медорад, имрӯзҳо толори хониши Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун пур аз хонанда аст. Дар ин рӯзҳои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аксар наврасон таътили тобистонаи худро дар китобхона сипарӣ мекунанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бештари волидайн ба ояндаи фарзандонашон дарак медиҳад.
– Бо зиёд шудани шумораи хонандагони адабиёти бадеӣ, сол то сол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия воридоти асарҳои тозанашр ба китобхонаҳои оммавӣ низ бештар гардида истодааст, – мегӯяд Муқимиён Ориёнабону. – Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хазинаи адабиёти бадеии Китобхонаи марказии ноҳия бо 519 нусха китоб ва 1800 нусха адабиёти электронӣ ғанӣ гардид. Ҳамзамон, тибқи нақша рӯзҳои наздик даҳҳо нусхаи дигар аз асарҳои бадеӣ мехарем.
Ба гуфтаи кормандони китобхона, дар баробари истифода аз толори хониш ва гирифтани китоб барои мутолиа дар хона, хонандагони зиёде ба адабиёти электронӣ низ таваҷҷуҳ доранд. Ин худ нишон медиҳад, ки шароити истифодаи технологияҳои муосир дар хонаводаҳо беҳтар шудааст ва мутолиа тадриҷан ба як арзиши маънавии рӯзмарра табдил ёфтааст.
– Пӯшида нест, ки яке аз омилҳои асосии рӯй овардани бесобиқаи сокинон, бахусус наврасон ба китобхонаҳои оммавӣ, маҳз ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад, – таъкид мекунад Муқимиён Ориёнабону. – Ин иқдом ба насли наврасу ҷавон ангезаи худшиносӣ ва руҳияи болида бахшида, онҳоро ба иштирок дар чунин озмунҳо ташвиқ намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дӯстдорони китоб хуб дарк кардаанд, ки мутолиа дар ҳаёти инсон нақшу таъсири бузург дорад. Китобхонӣ на танҳо воситаи фароғат, балки омӯзгорест, ки нутқи инсонро равон, андешарониро равшан ва руҳу равонро болида мегардонад. Қироати достонҳо ва абёти назмӣ дар қалби хонанда эҳсоси зебоишиносӣ ва инсонпарвариро бедор мекунад.
Мардумони тамаддунофари олам, аз ҷумла халқи тоҷик ба василаи мероси адабии ниёгони хеш аз таърих ва мероси гаронбаҳои миллиашон баҳравар гаштаанд. Хушбахтона, бо шарофати тадбирҳои андешидаи роҳбарияти кишвар дар самти рушди соҳаи китобдорӣ ва таваҷҷуҳи оммавӣ ба мутолиа, санъати суханварӣ миёни ҷомеа рушд ёфта, ба ин васила сатҳи муошират низ боло рафта истодааст. Бинобар ин, дар радифи фаъолияти 1 китобхонаи марказӣ ва 1 китобхонаи кӯдакона дар маркази маъмурии ноҳия ва 22 китобхонаи маҳаллӣ то дар дурдасттарин деҳкадаҳо, инчунин, китобдорони мо бо роҳандозӣ кардани “Китобхонаи сайёр” адабиёти хонданибобро бо усули “Маҳал ба маҳал”, “Деҳа ба деҳа” ба хонандагон мерасонанд, – изҳор медорад Муқимиён Ориёнабону.
Бинобар гуфтаи Ориёнабону кормандони китобхонаҳои оммавӣ аз зумраи нафарони хушбахтанд, ки дар баробари фаъолияти меҳнатӣ, пайваста аз ин хазинаи бебаҳо баҳраи маънавӣ мебардоранд. Давоми соатҳои корӣ вақт пайдо карда, чандин саҳифаи китоби мавриди таваҷҷуҳро мутолиа мекунанд, ки нерумандиву андешаҳои тоза мебахшад. Асари ҷолиб инсонро баҳри амалӣ намудани орзуву ормонҳояш таҳрик медиҳад. Шахси китобхон, худшиносу сухандону донишманд ва дорои хислатҳои ҳамида аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ дар гирдоби мушкилоту ҷаҳолат дар намемонад, балки тарбиятгару роҳнамои фарзандон ва насли ҷавони миллати худ ба сӯи ояндаи дурахшон хоҳад буд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон иброз медоранд, ҷавонони мо, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост, бояд ҳамқадами замон буда, пайваста ба мутолиаи китоб машғул гарданд. Ба ин хотир даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани китобхонаву ҷумла воситаҳои фарҳангӣ ва инчунин, роҳандозӣ намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳи натанҳо насли ҷавон, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба мутолиаи китоб ҷалб намудаанд. Илова ба тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди фарҳангу соҳаи китобдорӣ, ҳамасола бо ҷалби адибону донишмандони кишварамон дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамоиши фарҳангии “Корвони китоб” баргузор мегардад, ки ба ин васила сокинони минтақаҳои дурдаст бо адабиёти тозанашр ва ҳам соядасти муаллифони ин асарҳои мондагор дастрасӣ пайдо мекунанд.
Муқимиён Ориёнабону, ки то зинаи роҳбарии Муассисаи давлатии Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун, собиқаи зиёди омӯзгорӣ аз фанни забони англисиро дошта, даҳҳо асарҳои оламшумули адибони ҷаҳониро бо забони англисӣ мутолиа намудааст, тарҷумаи тоҷикии эҷодиёти шоирону нависандагони миллатҳои гуногуни ҷаҳонро дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии ҳамватанони худ муҳим ва тақозои замон арзёбӣ менамояд. Ба андешаи ӯ дар баробари таваҷҷуҳи бештари адибони тоҷик ба эҷоди асарҳои тақозои замони муосир ва тарҷумаи адабиёти сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамзамон, хуб мешуд дар оянда “Корвони китоб” ба ноҳияи Ҷайҳун ҳам меомад, ки маҳз ҳамоишҳои бузурги фарҳангӣ воситаи ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба китобхонаву марказҳои фарҳангӣ гардида, ба ин васила мардум рӯ ба китобхониву тарбияи маънавии фарзандон хоҳанд овард.
ЮСУФИ СОБИР, НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Добавить комментарий
Ахбор
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ 13:50ПАРВОЗИ ИСТЕЪДОД ДАР ФАЗОИ МАЪРИФАТ 13:44АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ: 13:35НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:18ЁВОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АФЗУДААСТ 16:08А. ҶОМӢ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗОИШ ЁФТ 13:04ХУРОСОН. 174 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 13:00НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД 09:13
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Кӯшониён. Соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дорад
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
Дӯстӣ. Дар шаш моҳ панҷ бунгоҳи тиббӣ бунёд шуд