Бойгонӣ
Октябрь 2025 (10)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)

МАРДИ БУНЁДКОР

Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.
Ин панди шоир шиори ҳамешагии сокини деҳаи Кибил, Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак Нурулло Холназаров мебошад. Ӯ дар зиндагӣ фарзандони солеҳ тарбия карда, боғ бунёд намуд, то нафъаш ба ҷомеа бештар бошаду номи некаш ҷовидон монад.
Ин марди шариф, инсони дарёдилу соҳибватан Нурулло Холназаров 2 - юми январи соли 1949 дар мавзеи Тутқавул (он солҳо ба ҳудуди ноҳияи Данғара тааллуқ дошт), дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Чун деҳқонзода аст, обу хоки ватанро самимона дӯст медорад ва арҷ мегузорад.
– Баракати умри худро аз роҳнамоии падари деҳқонам (зиндаёд) Холназар ва модари меҳрубонам Бибираҷаб (руҳашон шод бод) ёфтаам, зеро ин инсонҳои бароям ниҳоят азизу меҳрубон маро тарбияи дуруст додаанд, ба роҳи рости зиндагӣ, покӣ, накукорӣ, садоқат ба миллату давлати худ ба камол расонидаанд. Касе дар зиндагӣ дуои падару модар мегирад, албатта, аз умр баракат меёбад. Шукргузорам қисматро, ки қарзи фарзандии худро содиқона адо кардаам, – бо як ҷаҳон эҳтиром ба волидон арзи матлаб намуд Нурулло Холназаров.
Вобаста ба бунёди Неругоҳи барқи обии Норак соли 1961 деҳаи Тутқавул, зодгоҳи қаҳрамони мо зери об монд. Аз соли 1961 ба деҳаи Кибил кӯч бастанд. Маънои Кибил ҷойи зебо, табиати дилоро ва сердолу дарахт мебошад. Ӯ мактаби рақами 3-и ба номи Абуали ибни Синоро дар деҳаи Тутқавул то синфи 8-ум хонда, синфи 9 – 10 -ро дар дабистони рақами 1-и шаҳри Норак соли 1966 хатм карда, ба факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Тарас Григоревич Шевченко, имрӯза Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Ин махзани маърифатро соли 1971 бо сари баланд ба итмом расонд. Ин марди равшанзамир заҳмати устодони худ Алимаҳмад Мирзоев, Абдушукур Холов, Маҳмадалӣ Ғуломов ва профессорону номзадҳои илми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Баъд аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ солҳои 1972 – 1973 Нурулло Холназаров ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ пайваст. Дар Байконури Ҷумҳурии Қазоқистон хизмати Ватан – Модарро содиқона адо кард. Обутоби ҷисмонӣ ёфт. Сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифати волои ӯ боло рафт.
Сипас, ба сифати мураббии мактаби варзишии шаҳри Норак ба кор оғоз бахшида, панҷ сол директори ин мактаби варзиширо ба уҳда дошт. Даҳ сол мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак шуда, ифои вазифа намуд. Худ паҳлавону дӯстдори варзиш буд. Имрӯз ҳам барояш дастовардҳои варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мояи ифтихору сарфарозист. Устод ин ҳама пешравиҳои варзиши тоҷикро аз баракати соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи комил дар ҷомеа ва пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ медорад.
Ҳаёти чандинсолаи ӯ ба кори Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Норак, идораи сохтмонии «Норакибозсоз», сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда –1”, “Сангтӯда –2” ва Неругоҳи барқи обии “Роғун” зич марбут мебошад. Ӯ дар пешрафту шукуфоии ватан саҳми арзанда дорад. Даҳ сол ба сифати раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа фаъолият намуд. Бо дархости корхонаҳое, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Норак” он солҳо кор мекарданд, мутахассис тайёр менамуданд. Соли 1996 дар идораи сохтмонии «Норакибозсоз» муҳандиси бехатарии ҳаракат дар роҳ, муҳандиси техникаи бехатарӣ, сардори шуъбаи техникаи бехатарӣ дар неругоҳи барқи обии “Роғун” ифои вазифа намуда, дар омода кардани муҳандисони обу барқ ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Чанд сол дар муассисаи давлатии оби нӯшокӣ ва корезии шаҳри Норак ба сифати муҳандиси техникаи бехатарӣ низ фаъолият намуда, дар таъмини сокинони шаҳр бо оби тозаи ошомиданӣ ҳиссагузор аст.
Аз соли 2012 ӯ нафақагир мебошад. Новобаста аз ин ҳамчун собиқадори меҳнат дар баргузории чорабиниҳои гуногуни шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳиссагузор буда, мекӯшад, ки дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тарбияи наслҳои ояндасози миллат саҳмгузор бошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии ватан дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳри нурофарон – Норак ҳам хеле ободу зебо гардид. Ин дастовардҳо, ин тозакориҳо на танҳо дар шаҳр, балки дар ҷумҳурӣ ба дили чунин мардони соҳибватан неру ва матонати хоса бахшид, зеро барояшон ободиву шукуфоии ватан орзуи ҳамешагӣ мебошад.
Соли 2013 теппаи болои деҳаи Кибил фурӯ рафт. Ин макон ба як ҷарӣ табдил ёфт. Ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ин ҷойро обод кунад. Нурулло Холназаров камари ҳиммат маҳкам бубаст. Роҳи ин ҷарӣ ва талу теппаҳои ноҳамворро пеш гирифт. Замини фурӯрафтаро ҳамроҳи фарзандон хок пур карда, то андозае талу теппаҳои ноҳамворро ҳамвор карданд. Дар ҳамин макон боғ бунёд карданд. Пуштора об кашонида, ниҳолаконро сабзонданд. Мардуми атроф “ин мард дар ин ҷарӣ чӣ мекарда бошад?” – гӯён бовар надоштанд, ки боғ сабзу хуррам мегардад. Имрӯз ба неруи инсон, боварӣ ва эътимоди ин марди заҳматпеша қоил шуданд, зеро дар ҷарӣ боғ бунёд кардан кори саҳлу осон набуд.
Дар ин макон ӯ боғ бунёд карду як гӯшаи ватанро сабзу хуррам гардонд. Имрӯз дар ин боғ дар се гектар 22 намуди дарахт мавҷуд аст, ки аксарашон дарахтони ҷангал мебошанд. Дар баробари олу, олуча, себу зардолу, ноку шафтолу, анҷиру ангур, дарахтони хуч, санҷид, писта, бодом, дӯлонаю шулаш ва дигар дарахтон нашъунамои муътадил доранд.
– Президенти маҳбуби мо пайваста таъкид менамоянд, ки аз одами нек боғ мемонад. Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо бояд як мулки ободро ба ояндагон ба мерос гузорем, бароям роҳнамо шуд, нерую мадори нав бахшид. Сарчашмаи бунёди боғ аз тамаддуни миллат ва суханони бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат дар қалби банда маъво гирифта буд. Хушбахтона, бо душвориҳои зиёд бошад ҳам, ба орзуям расидам, боғро бунёд кардам ва умед дорам, ки фарзандону наберагонам ин иқдомро идома мебахшанд, – мегӯяд бобои Нурулло.
Нурулло Холназаров ба синни мубораки 76 - солагӣ расидааст. Шукргузор аст, ки имрӯз ҳам бардаму боқувват қадам гузошта, дар ободии ватан саҳмгузор аст. Зиндагии беш аз 50 - сола бо холаи Сафармоҳ Сатторова – зани оқила, кадбону ва ҳунарманд Нурулло Холназаровро сарбаланд намуд. Аз умри хеш баракат ёфтанд. Соҳиби 7 фарзанд ва 23 набера гардиданд. Дар гулистони ҳаёти онҳо гулҳои рангоранг дар нумӯъ мебошад.
Фарзандони ин марди ботадбиру бомаърифат Шамсулло, Ҳабибулло, Файзулло, Рустам, Сафаргул, Идигул ва Фирӯза аксаран соҳиби маълумоти олӣ буда, дар вазифаҳои масъул кор мекунанду дар шукуфоии меҳани азиз ҳиссагузоранд.
Ин марди шариф ба қадри ватан – модар, ватандорию имондорӣ, неъматҳои бебаҳои зиндагӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ расиданро дар қалби фарзандону наберагон ҷой дода, онҳоро ба омӯзиши китоб, илму дониш, ширкати фаъолона намудан дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ тарбия намудааст. Наберагон шеърҳои зиёдеро аз бар намуда, аз бобои худ ифтихор доранд ва пайрави ӯ шудан мехоҳанд, зеро зиндагиномаи бобояшон барои онҳо ва наслҳои ояндасози миллат сабақи ибратомӯз мебошад.
Инсон вақте ки аз гузашти умр қаноатманд аст, худ меболаду сарфароз мегардад. Бобои Нурулло Холназаров хушбахт аз он аст, ки умри азизашро зоеъ нагузаронида, аз худ нақши неке ба ёдгор гузоштааст. Ин аст, ки миёни ҳамдиёрон обрӯ ва мақоми хоса дорад. Ӯ соҳибэҳтиром аст, ватандору боимон аст, марди фозилу оқилу дурандеш аст. Хушбахт аз он аст, ки дар ободонӣ, пешрафт ва шукуфоии ватани азиз ҳиссаи хоксоронаи худро гузоштааст ва дигаронро низ ба ин роҳи ватандорӣ ҳидоят менамояд.

Саидзода Шералӣ, шаҳри Норак
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019