Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
07 авг 13:18АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
7 августи соли 2025 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотии ҷамъбасти шашмоҳаи соли равон баргузор гардид. Муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода дар назди намояндагони ВАО натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятро муаррифӣ намуд.
Ба иттилои пешниҳодшуда, маҷмуи маҳсулоти минтақавии Хатлон дар шаш моҳи аввали сол ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, 7,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Саҳми вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 24,1 фоиз мебошад.
Дар ин давра 859 миллион доллар барои 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ва 2,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Ҳаҷми гардиши савдо ба 8 миллиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба 1,4 миллиард сомонӣ расидааст. Содирот 39 фоиз, воридот 61 фоизи гардиши савдои хориҷиро ташкил дод.
Дар самти бозори меҳнат, 32 431 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 5838 ҷойи доимӣ таъсис ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 14 миллиард сомонӣ, яъне 59 фоизи маҳсулоти кишоварзии кишвар мебошад.
Дар бахши саноат, ҳаҷми истеҳсолот ба 5,6 миллиард сомонӣ расид ва 42 корхонаи нав бо 287 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард.
Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 5479 иншоот аз 6260 иншооти ба нақша гирифташуда мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо дар соли 2025 1411 иншоот ба истифода дода шудааст.
Дар бахши маорифу тандурустӣ 26 муассисаи таълимӣ, 11 муассисаи тиббӣ сохта шуда, сохтмони 118 муассисаи таълимӣ ва 30 кӯдакистон идома дорад.
Бо мақсади беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ дар масофаи 1420 км роҳ ба маблағи 103 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ анҷом дода шудааст.
Дар анҷом Музаффар Мирзозода аз нақши фаъоли рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои вилоят ва мубориза бо таҳдидҳои иттилоотӣ изҳори сипос кард.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



