Бойгонӣ
Июль 2025 (42)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат аз дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба дастранҷҳои ҳунармандон баҳои сазовор медиҳанд.

Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар аст, ки барои рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон шароиту имкониятҳои мусоиди меҳнату зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳунармандони шаҳри Норак низ мисли чеварону кадбонуҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бо касбу ҳунарҳои гуногун ном баровардаанд. Майрамбӣ Боймуродова яке аз пешсафон ва чеҳраҳои шинохтаи шаҳри нурофарон, солҳо боз дар рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми босазо дорад.

АЗ ОСТОНАИ ҲУНАР
Лаҳзае, ки бо роҳнамоии раиси Ҷамоати деҳоти «Пули Сангин» Музаффар Ҳайдаров ба ҳавлии сокини деҳаи Тутқавул – чевару кадбонуи эъҷозофар Майрамбӣ Боймуродова ворид шудем, ӯро ҳамроҳи ду-се шогирд ва духтарону келинҳояш машғули чакандӯзӣ ва қуроқдӯзӣ дарёфтем.
Кӯҳҳои баланди рӯ ба рӯи ҳавлӣ, ки гӯё кӯрпаҳои сафеди барфиашонро ба кӯрпаҳои махмалини сабз ва хуррам иваз карда буданд, бо мавҷи ороми рӯди Вахш ба шогирдон ва холаи Майрамбӣ илҳом мебахшиданд.
Дарвоқеъ, муҳити зебои атроф ва табиати илҳомбахш дар ташаккули афкор ва рушди ҳунари инсон таъсири амиқ дорад. Ҳамаи он таровату зебоиҳои деҳаи зист дар маҳсули дасти чеварони чирадасти ин русто таҷассум ёфтаанд.

ҲАЁТ, АЗ МИЁНИ АЛАМ ВА МЕҲНАТ
Аз суҳбат бо Майрамбӣ Боймуродова маълум гардид, ки ӯ зодаи деҳаи Иғрони Болои ноҳияи Данғара (хоҷагии собиқ ба номи Ленин) мебошад. Пас аз реҳлати хоҳарбузурги ҷавонмаргаш, ӯ бо падару модар танҳо монд. Ҳанӯз хурдсол буд, ки модараш низ аз олам чашм пӯшид. Майрамбӣ чеҳраи модарашро дар хотир надорад. Ӯ дар тарбияи падар ва модарандар ба воя расид ва ҳанӯз дар овони мактабхонӣ аз ҳамсояашон – Бибигул, ки зани ҳунарманд буд, асрору нозукиҳои дӯзандагиро омӯхт. Вале шароит имкон намедод, ки ба ҳунари дӯзандагӣ машғул шавад. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳайси говҷӯш дар фермаи ширию молии хоҷагӣ ба кор даромад.
Дар он солҳо хоҷагиҳо дар заминҳои васеъ зироати хӯроки чорво мекоштанд ва дар фермаҳо ҳазорон сар гови ҷӯшоӣ парвариш меёфт. Кор дар ферма хуб буд. Дар ҳамин давра Майрамбӣ оиладор шуд ва бо амри сарнавишт ба шаҳри Норак кӯч баст.

ҲУНАР – РОҲ БА СӮИ ШУҲРАТ
Холаи Майрамбӣ зиндагиро дар деҳаи Тутқавул, воқеъ дар соҳили дарёи Вахш оғоз намуд. Шавҳараш – Хайрулло Сайфов солҳои зиёд дар идораҳои гуногун ба ҳайси ронанда фаъолият мекард.
Холаи Майрамбӣ чанд сол дар ташкилоту идораҳои гуногуни шаҳри Норак ҳамчун фаррош фаъолият бурда, ҳамзамон ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард. Вақте кӯдакон ба хоби ширин мерафтанд, ӯ ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғул мешуд.
Шавҳари меҳрубонаш дар тарбияи фарзандон ва омода кардани маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои миллӣ ҳамеша дар канори ӯ буд ва дастгирӣ менамуд.
Тавре худ иқрор мешавад, ҳунарҳое, ки дар овони наврасӣ омӯхта буд, дар зиндагии мустақилона барояш хеле коромад гаштанд. Ҳамин тавр, ӯ ҳамчун ҳунарманди ҷавон дар дӯхти куртаҳои чакан, чодару тоқии занона ва мардона, қуроқдӯзӣ, омода намудани кӯрпаву болишт, дастархон, рафида ва дигар лавозимоти арӯсӣ миёни сокинони рустоҳои атроф ном баровард.
Барору муваффақияти Майрамбӣ гувоҳи он аст, ки ӯ пайваста кӯшиш менамояд навгониҳоро аз худ карда, дар фаъолияти ҳунарии худ истифода барад.
Илова бар ҳунарҳои мардумӣ, Майрамбӣ дар пухтану тайёр намудани навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, таҳмол, чаппотӣ, кулча, манту, далда, қурутоб, атолаи буридаю туппа, гандумҷӯшак ва шакароб маҳорати баланд дорад. Дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ маҳсули дастони ин бонуи ҳунарманд намоишгоҳҳои шаҳриву вилоятиро зебу зиннат мебахшад.

ДУ ДИДОР БО ПРЕЗИДЕНТ
Майрамбӣ Боймуродова бо ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ зикр мекунад, ки дар ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии худ ду маротиба шарафи мулоқот бо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ноил шудааст.
– Солҳои 80-уми асри гузашта дар фермаи ширию молии хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара ҳамчун говҷӯш фаъолият мекардам. Як субҳи барвақт директори онвақтаи хоҷагӣ Эмомалӣ Раҳмон ба назди чорводорон омаданд. Морo бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтанд, аз ҳолу рӯзгор ва мушкилоти кори мо пурсон шуданд. Ба мудири ферма дастур доданд, ки то охири сол меҳнати кормандонро қадрдонӣ намоянд. Ҳангоми хайрухуш ваъда доданд, ки аз ҷониби идораи ҷамъияти матлуботи ноҳия барои мо туҳфаҳо ва ашёи рӯзгор фиристода мешавад.
Ин лаҳза то ҳол пайваста ба ёдам меояд, зеро ин мулоқоти хотирмон нишони таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба заҳматкашони деҳот аст. Ӯ бо қаду қомати баланд, чеҳраи зебою нуронӣ ва дарёдилӣ дар хотири мо нақш бастааст, – ба ёд меорад Майрамбӣ Боймуродова.
– Бори дуюм соли 2022 ба ман шарафи дидор бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Ин мулоқот дар ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯзи хуҷастапай, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд, сурат гирифт. Ман дар он чорабинӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, фатиру чаппотӣ, кулчаҳои равғаниву қаймоқӣ, самбӯса ва қаламаю таҳмол ба намоиш гузошта будам.
Ҳангоми шиносоӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ Пешвои миллат ба намунаи маҳсули дастиам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Вале маро эҳсосоти баланд фаро гирифта буд ва натавонистам худро муаррифӣ намоям. Хушбахтона, Пешвои маҳбуби мо ин ҳолатро пай бурда, бо табассум гуфтанд:
– Шумо ҳамон Майрамбии говҷӯши мо нестед?
Ман низ бо камоли ифтихор тасдиқ кардам ва ҳамин тавр, дар давоми 3 – 4 дақиқа бо ман ҳамсуҳбат шуданд. Сарвари давлат бо таҳсину ситоиш аз фаъолияти ҳунариам ёд карданд ва туҳфа тақдим намуданд. Ман бори дигар ба хоксорӣ, хотираи аҷиб ва бузургии Ҷаноби Олӣ қоил шудам, ки баъди 40 –42 сол маро боз шинохтанд, – мегӯяд Майрамбӣ Боймуродова.

БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои муаррифии дастовардҳои шахсӣ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам омадаанд. Дар ин замина, тавассути намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандон метавонанд маҳсули дасти худро ба фурӯш бароранд.
Қаҳрамони матлаби мо – Майрамбӣ Боймуродова аз он фараҳманд аст, ки бо баракати меҳнату ҳунараш рӯзгори ором дорад, посдоранда ва давомдиҳандаи ҳунари ниёгони хеш аст ва аз ҳама муҳим миёни ҷомеа соҳиби эҳтиром ва эътибори хос мебошад. Чуноне шоир фармудааст:
Касе дорад ҳунар хорӣ набинад,
Ба муҳтоҷӣ гирифторӣ набинад.
Ба ҳар ҷое қадам монад ҳунарманд,
Шавад мардум варо дилбанду пайванд.

Аъзамҷон Бобозода, шаҳри Норак
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Ахбор
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар 12:34ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ» 11:43БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ 11:38ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ 11:32ЁВОН: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 11:25ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА ВАСЛУ НАСБИ ТАҶҲИЗОТҲОИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТҲОИ ГАҶИИ ҶДММ «ФАЙЗИ ГАҶ» 11:19ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “МУРТАЗО” ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ АНГУР 11:13ЁВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГИИ МОШИНАҲОИ ПАХТАЧИНИИ НАВ ДАР ҶДММ “АНИС ЁВОН” 11:08
Маҷаллаи №6-2019