Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Кӯдакон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз бо тамоми ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса фаро гирифта шудаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр кардаанд, ки “Агар мо хоҳем, Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъоду ҷӯянда шароит фароҳам оварем.”
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ин гуфтаҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, баҳри истироҳату фароғати кӯдакон корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ бояд зиёда аз 2 ҳазор хонандагони шаҳр ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ фаро гирифта шаванд.
Бо ин мақсад истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, ки дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод ҷойгир мебошад, бо ташаббуси раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр пурра азнавсозӣ шуда истодааст.
Тавре зимни суҳбат корманди истироҳатгоҳи болозикр Асадулло Шарифов иброз дошт, истироҳатгоҳи “Шарора” муддати ду соли охир бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус аз фаъолият боз монда буд. Бо дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб дар ин мавзеъ корҳои таъмирию барқарорсозӣ шабонарӯзӣ ҷараён доранд.

-То оғози мавсими ҷалби хонандагон ба истироҳату фароҳат, истироҳатгоҳи “Шарора” бояд пурра омода карда шавад. Масоҳати истироҳатгоҳ 19 гектарро дар бар гирифта, дар домани кўҳҳои зебоманзар ҷойгир мебошад. Дар ин мавзеъ дарахтони зиёди мевадиҳанда шинонида шудаанд, ки аз ҳосили онҳо барои кӯдакон нӯшобаву шириниҳои гуногун тайёр карда мешавад. Қарор аст дар инҷо зиёда аз 500 нафар хонандагон дар се давр ба истироҳат фаро гирифта шаванд.
Ба иттилои Ҳабибулло Раҳимов, сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб барои таъмири истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” аз ҳисоби буҷети маҳҳалӣ 220 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
-Раиси шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки оянда дар ин мавзеъ марҳила ба марҳила биноҳои хуштарҳу замонавии дорои тамоми шароитҳои истироҳатро бунёд намояд. Дар ин истироҳатгоҳ биноҳо дар даврони Шӯравӣ бунёд гардида буданд. Нақша ин аст, ки ҳар сол як бинои онро чапа карда дар ҷояш бинои наву замонавии ду ошёна бунёд кунем, - гуфт Ҳ. Раҳимов.
Сиёвуш Худойдодов, мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки соли ҷорӣ бояд 10 ҳазору 179 нафар хонандагони муасисаҳои таълимию томактабии шаҳр ба истироҳат фаро гирифта шаванд. Аз ин шумора 650 нафар ба лагерҳои меҳнатӣ-истироҳатӣ, 460 нафар, ба лагерҳои варзишию беҳдоштӣ, 4000 ҳазор нафар ба лагерҳои фароғатию таълимӣ ва 580 нафар ба лагерҳои беруназшаҳрӣ сафарбар карда мешаванд. Инчунин дар назди 49 муассисаи таълимӣ ва 8 боғча лагерҳои назди муассисавӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 3820 нафар хонандагон фаро гирифта хоҳанд шуд.
Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, ки дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 майи соли 2022, таҳти №13, оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №211 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022” бояд соли ҷорӣ 177 ҳазору 650 нафар хонандагони муассисаҳои таълимию томактабии ҳудуди вилоят ба истироҳату фароғат фаро гирифта шаванд. Аз ин шумора 6180 нафар ба лагерҳои беруназшаҳрии вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб, дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии дар ҳудуди вилоятбудаи шаҳру ноҳияиҳои Кӯлоб, Норак, Муъминобод ва Фархор фиристода хоҳанд шуд. Боқимонда ба лагерҳои наздимуассисавӣ, меҳнатию истироҳатӣ, варзишию беҳдоштӣ ва фароғатию таълимӣ ҷалб карда мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД



