Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПИЛЛАПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи пиллапарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди минбаъдаи онро яке аз омилҳои асосии таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ номиданд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.
Ин ибтикори Пешвои миллатро хоҷагидорону кишоварзони вилоят аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш шуморида, онро дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба худ маънидод мекунанд.
Шарифбек Девлохов, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Мирзобедил”-и ноҳияи Дӯстӣ бо ҳидояти падари навадсолаи худ дар замини атрофи хоҷагии деҳқониаш 400 бех ниҳоли тут шинонида, бо аҳли оила ба пиллапарварӣ машѓул гардид.
-Тутҳои шинонидаамон ниҳолони дусола буда, баъд аз се сол боварӣ дорам, ки хушбарг мегарданд, - мегӯяд роҳбари хоҷагии деҳқонӣ. Дар атрофи замини хоҷагӣ дарахтони бисёрсолаи тут мавҷуд аст, ки баъзе аз онҳо хушк шудаанду бархеи дигар камсамар гардидаанд. Аз ин лиҳоз, аз нав ниҳол шинонидем, то ин ки тутзорамонро барқарор намуда, ба кирмакпарварӣ љиддї машғул шавем, - таъкид мекунад Ш. Девлохов
-Бо мақсади бунёди тутзорҳои нав ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар шаҳру навоҳии вилоят аз Ҷумҳурии Узбекистон қариб 80 ҳазор ниҳолони хушсифат ворид карда шуда, ба кишоварзону хоҷагидорон ройгон дода шуд, - гуфт Абдуғаффор Қурбонов, намояндаи ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон. - То ба имрӯз вобаста ба шароиту имконоти мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ќубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав тутзорҳои нав бунёд гардидааст. Танҳо дар заминҳои корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати 13 гектар 200 ҳазор ниҳол шинонида шуд. Соли оянда бошад, дар мавзеъҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳо кирмакхонаҳо бунёд карда мешаванд, то ин соҳаи муҳим боз ҳам рушд кунад, - илова намуд ҳамсуҳбатамон.
Дар ин баробар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо кишоварзону сокинон дар канори ҷӯйу канал, роҳ ва гирду атрофи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ниҳолони тут шинонида, иддае аз сокинонро ба шуғли даромаднок ҷалб намуданд.
Пиллапарварони соҳибтаҷрибаи вилоят ба он назаранд, ки ниҳолони шинонидашуда ҳамагӣ дар як сол самаровар гардида, ҳар кадом 3-5 килограм барг медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо барои парвариши як қуттӣ кирмак то 700 кг барги тут лозим мешавад. Аз ин лиҳоз, онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо фароҳам овардани шароит ҳаҷми истеҳсоли пилларо афзун намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Ба гуфтаи Абдуғаффор Қурбонов дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз панҷ миллион дарахти тут мавҷуд буда, имконияти боз ҳам рушд бахшидани соҳа мавҷуд аст. Аммо ба қавли мавсуф инҷо мушкилот дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида мебошад. Зеро аксари онҳо бо иддаои он, ки дарахтони тут дар ҳудуди хоҷагиҳояшон аст, онро моликияти худ дониста, ба ихтиёри пиллапарварон намегузоранд.
Коршиносон мегӯянд, ки барои парвариши як қуттӣ кирмак 1-2 нафар машғул мешавад. Аз ин лиҳоз, он шуғли даромаднок буда, дар шароити хона барои занону духтарон хеле мувофиқ аст.
Сокини шаҳри Левакант Раъно Тошева соли чорум аст, ки ба пиллапарварӣ машғул аст. Ӯ ин мавсим нуҳ куттии кирмак гирифта, 350 килограм пилла истеҳсол намудааст.
- Ҳамагӣ дар як моҳ нуҳ қутти кирмакро парвариш намуда, ҳар килограм пилларо ба ивази 15 сомонӣ ба ҶСК “Пиллаи тоҷик” супорида, ба буҷаи оила манфиат овардам, - зикр намуд кирмакпарвар.
Бино бар иттилои намояндагии ҶСК “Пиллаи тоҷик” соли гузашта сокинони заҳматкаши вилоят бо парвариши 8 ҳазору 270 ќуттї кирмак беш аз 210 тонна пилла истеҳсол намуданд. Имсол бошад, масъулини соҳа 10 ҳазору 65 қутти пилларо дар ихтиёри хоҳишмандон гузошта, тасмим доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулотро дар вилоят то ба 300 тонна расонанд.
Ҳоло мавсими ҷамъоварии ҳосили пилла фаро расидааст ва барои ҳар як килограм дар коргоҳи ҶСК “Пиллаи тоҷик” воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён 15 сомонӣ пардохт шуда истодааст, ки аз ин кирмакпарварон изҳори ҳавасандӣ намуда истодаанд. Ба гуфтаи масъулони соҳа ин ягона коргоҳи пиллахушккунӣ дар вилоят буда, иқтидори он дар як шабонарӯз то 10 тонна маҳсулот мебошад. Дар коргоҳи мазкур айни замон 16 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият намуда истодаанд.
Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими комплекси агросаноатӣ ба ҳисоб рафта, аз пиллаи он ҳамчун ашёи хом дар корхонаҳои бофандагӣ ришта истеҳсол мекунанд. Сипас бо истифода аз он ҳунармандон матоъҳои табиии ба саломатӣ безарар, аз ҷумла адрасу атлас бофта, барои занону духтарон либосҳои шинаму зебо медӯзанд. Ин аст, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии вилоят марказҳои адрасу атласбофӣ таъсис дода шуда, садҳо нафар бонувон ба ин кор машѓул гардиданд.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД




