Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳамеша аз Ватан месарояд
Дар натиҷаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯзҳо ҷавононе рӯи кор омадаанд, ки ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намуда истодаанд.
Фахриддин Давлатов, мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ин гуна ҷавонони серғайрату чашмикордон, донишманду хушахлоқ, санъаткори варзидаю оҳангсози мумтоз мебошад.
Ӯ 17-уми январи соли 1988 дар Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳия бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 2017 то инҷониб мудири бахши фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомист.
Азбаски дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст, аз хурдӣ меҳри санъати овозхонӣ дар дилаш ҷо гирифта буд, баъди хатми донишгоҳ ба ҷодаи сарояндагӣ баргашт.
Суруду оҳангҳояш саршор аз ишқи Ватан асту аз пешрафту гулгулшукуфоии он. Дар пайроҳаи сарояндагӣ устоди аввалинаш падари ҳунармандаш буд, ки нозукиҳои овозхониро ба вай омӯхтааст. Баъдан, устодон Ғайбулло Мерганов, Ғаюби Амон, Шокир Зокиров ва Маҳмадшариф Ҳалимов дар ин арса барояш хизматҳои созгореро анҷом додаанд.
- Заҳматҳои падари бузургворам, равонаш шод бод ва устодони мушфиқу ғамхор буд, ки имрӯз дар ҷомеа обрўю эътибор пайдо карда истодаам ва хизматҳои онҳоро қадр намуда, эҳтиромашонро ҳамеша ба ҷо меорам, - мегӯяд Фахриддин.
Суруди аввалине, ки Фахриддин Давлатов иҷро кардааст, “Сипари Ватан” ном дошта, ба қалами шоири номвари тоҷик Низом Қосим тааллуқ дорад. Ин суруди саршор аз меҳру муҳаббати Ватан то ҷое ӯро миёни шунавандагон маҳбуб гардонид.
-Мехоҳам бештар сурудҳои ватандӯстию ватандориро иҷро намоям,- гуфт ӯ зимни суҳбат ва илова кард, ки бо ин васила мехоҳам дар замири сокинон, бахусус, насли ҷавон ҳисси хештаншиносию ватанпарварӣ ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизро бедор намоям.
Ба ҳамин хотир аз ашъори шоир Мирзо Файзалӣ сурудеро бо номи “Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем”-ро хело ҳам дар сатҳи олӣ иҷро намудааст. Ба ин монанд аз ашъори шоирон Абдурауф Муродӣ сурудеро бо номи “Пешво” аз Бузургмеҳри Баҳодур “Ин Ватанро сохтан осон набуд” ва аз Сафар Аюбзодаи Маҳзун бо номи “Шукрона” сароидааст, ки хеле пурмазмуну ҷаззобанд.
Ба гуфтаи Фахриддин Давлатов Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон хизматҳои зиёдеро анҷом додаанд. Баргузории ҳар гуна озмуну чорабиниҳои сатҳи баланд, ки бевосита дар онҳо ҷавонон низ фаъолона иштирок доранд, гувоҳӣ гуфтаҳои болост. Роҳандозӣ гаштани озмунҳое ба монанди “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” истеъдодҳои ҷавони Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Аз ҷумла, Фахриддин аз соли 2019 иштирокчии фаъоли озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” аст.
-Худро хушбахт мешуморам, ки соли 2021 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ) жанри эстрада иштирок карда, ғолиби ҷойи аввал гардидам. Назди худ мақсад гузоштаам, ки ҳама кӯшишу ғайратамро баҳри ободию шукуфоии Ватани азиз равона созам, -иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Фахриддин Давлатов.
Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари қалбҳои инсонҳост. Бузургворе барҳақ фармудааст:
Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.
Итминони комил дорем, ки номи Фахриддин Давлатов бо таронаҳои сароидаи баландмазмунаш, ки саршор аз меҳру муҳаббати Ватананд, дар ҷаридаи таърих мондагор хоҳад буд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Абдураҳмони Ҷомӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»