Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 16 ноябр, таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои марбута баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар давоми 10 моҳи соли 2026, аз ҷумла рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои сафари ҳайати намояндагони вилояти Хатлон ба вилояти Новосибирски Федератсияи Россия ва иштироки онҳо дар форуми кишоварзии ин вилоят низ муҳокима гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар давоми 10 моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 250 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Суръати рушди соҳа 15,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 76 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон, дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахтаву дигар зиратҳо ва омодагӣ ба мавсими кишти тирамоҳию баҳорӣ масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд. Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар 10 моҳи соли 2026 ба 42,5 миллиард сомонӣ расида, суръати рушд 8,3 банди фоизиро ташкил додааст.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ, таъмиру омода намудани иншооти обрасонӣ, шудгори тирамоҳӣ, захираи тухмӣ ва оғози мавсими ниҳолшинонии солҳои 2026-2027 низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар соҳаи сохтмон қайд гардид, ки дар доираи нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8542 иншоот ба маблағи умумии 7,2 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 136,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, дар баробари иншооти пешбинишуда як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардидаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, инчунин дигар бахшҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2022-2026 дар вилоят 707 иншооти соҳаи маориф бо 5353 синфхона барои 267 ҳазору 650 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷамъбасти масъалаҳои баррасишуда ба масъулони соҳаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, тақвияти фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ, иҷрои босифати нақшаҳои пешбинишуда ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки масъулини шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 11:17Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11:14БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН 11:09ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ СУБОТ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ 11:02
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ




