Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР КӮЛОБ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода як қатор иншоотҳои навтаъсисро, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб бунёд гардидаанд, мавриди баҳабардорӣ қарор доданд. Тибқи иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Сараввал, бинои дуошёнаи “Суратгирхонаи ҷавонон”, ки аз ҷониби соҳибкор Саидкарим Шокиров бо маблағи беш аз 270 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, аз ҷониби ёрдамчии Президенти мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ гардид. Дар ошёнаи якум суратгирхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дар бинои дуюм сехи хурди дӯзандагӣ таъсис дода шудааст. Хизматрасонӣ дар бинои мазкур барои ятимон ва ҷанговарони башардӯст ройгон ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар бинои мазкур 12 нафар ба ҷойи кор таъмин шудаанд.
Дар дохили Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб қаҳвахона, ки дар он барои мизоҷон таомҳои тезтайёр омода карда мешаванд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин, як пули пиёдагузар барои рафтуои сокинони ду маҳалла, болои сойи Тебалай, ки аз ҷониби сокинони маҳаллаи Чармгарони поён сохта шудааст ва ҳатто нақлиёти хурд низ метавонад аз болои ин пул гузарад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Минбаъд сокинон, бахусус хонандагон, метавонанд дар ҳама фасли сол тариқи ин пул равуо намоянд.
Баъдан дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб бинои дуқабатаи ҳаммоми “Румайсо”, ки аз ҷониби соҳибкор Акмал Бобоев сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Ҳаммом дорои 2 ҳавзи шиноварӣ буда, аз ҳуҷраҳои умумӣ ва алоҳида иборат аст. Дар як вақт метавонад то 40-45 мизоҷро қабул намояд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР