Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аскарону афсарони шуҷои Ватан, собиқадорони Вазорати мудофиа, ҷанговарони башардӯст ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида 22 феврали соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар 29-солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.
Қурбон Ҳакимзода зимни баромади хеш қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст ва имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст.

- Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд,-гуфт раиси вилоят.
Инчунин Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо пуштибонӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоятро яке аз самтҳои фаъолияти худ дониста, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои фароҳам овардани шароити мусоид чораандешӣ менамояд.

Бо такя ба хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд, ки ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бори дигар масъулияти кормандонро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули худ дучанд менамояд.
-Дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хизматҳои ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти амнияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро қадрдонӣ карда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии онҳо тадбирҳои муассир меандешад, - гуфт дар фарҷоми суханронии хеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор собиқадорон аз ҷониби раиси вилоят мукофотҳо тақдим карда шуд.
Инчунин ба 10 нафар оилаҳои хизматчиёнии ҳарбии ҳалокгашта, 11 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷароҳатбардошта, 6 нафар иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионии мамлакат аз ҳисоби фонди захиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кумакҳои молиявӣ расонида шуд.
Чорабинии хотиромон пас аз барномаи рангини аҳли санъати вилояти Хатлон ба анҷом расид.
Сулаймон СУЛТОНОВ
“Сафо”
Аксҳо аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД 12:02ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ХУДСОЗИВУ ВАТАНДОРӢ 11:57ШУТУРМУРҒПАРВАРӢ ДАР ШАҲРИТУС: 11:52БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 15:00ҶАВОНОН САРМОЯИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ 12:08ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
РИШТАИ МЕҲР
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
К И Т О Б Д О Р



