Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АМОНАТҲОИ УМУМӢ АФЗУДАНД
Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон теъдоди банкоматҳо ва постерминалҳо 60 адад афзуда, шумораи умумии онҳо ба 654 адад расидааст, ки аз ин 211 адад банкомат ва 443 адад постерминал мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадов иттилоъ дод.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба санаи 31 декабри соли 2021 маҷмӯан 565,3 ҳазор нафарро ташкил карда, ин нишондод нисбат ба оғози сол 66,3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки дар соли 2021 амонатҳои умумӣ 8,4 фоиз афзуда, маблағи он 575,6 миллион сомониро ташкил дод, ки аз он 72,8 фоиз амонатҳо бо пули миллӣ ва 27,2 дарсади дигар бо асъори хориҷӣ мебошанд.
Ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ дар минтақа бошад 366,2 миллион сомониро ташкил дода, ҳиссаи пасандозҳо 92,1 фоиз бо пули миллӣ ва 7,9 фисади дигар асъори хориҷиро дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



