Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАФАҚАГИРОН ЗИЁД ШУДАНД
Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 264 ҳазору 661 нафарро ташкил карда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 7 ҳазору 701 нафар ё ин, ки 3 фоиз зиёд гардидааст.
Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Саймуъмин Мусозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки талаботи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо 86 миллион сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақа ба 314,79 сомонӣ баробар шудааст.
Номбурда афзуд, ки аз шумораи умумии нафақагирон 206 ҳазору 579 нафарашро гирандагони нафақаи меҳнатӣ ташкил карда, 58 ҳазору 82 нафар нафақаи иҷтимоӣ мегиранд.
Инчунин дар вилоят 56 ҳазору 255 нафар нафақагирони маъюб буда, талаботи нафақаи онҳо дар як моҳ 18,1 миллион сомониро дар бар мегирад.
Дар қайди Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 624 нафар ятими кулл буда, ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 232,24 сомонӣ баробар аст.
Ҳамзамон шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 нафарро ташкил карда, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо 929,92 сомониро дар бар мегирад.
-Пардохти нафақапулиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра тавассути кортҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст,-гуфт Саймуъмин Мусозода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



