Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН СОҲИБИ ИМТИЁЗ ГАРДИДАНД
Соли гузашта 36 нафар омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд, ки 28 нафари онҳо аз ноҳияи Ҷайҳун мебошанд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашуралӣ Олимӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2021 дар маҷмӯъ 36 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, як нафар соҳиби замини полезӣ ва 31 нафар соҳиби қарзҳои имтиёзнок шуданд.
Номбурда афзуд, ки аз соли 2007 то инҷониб тибқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” 2115 нафар омӯзгорони ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ, 178 нафар бо замини полезӣ ва 611 нафар бо қарзҳои имтиёзнок таъмин карда шуданд, ки дар маҷмӯъ 2904 нафар омӯзгорони ҷавони вилоят соҳиби имтиёз гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои ин қарори Ҳукумати мамлакат масъулини шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Восеъ, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Носири Хусрав пешсаф буда, мутаассифона шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Данғара, Темурмалик ва Муъминобод ба ин масъала таваҷҷуҳ накарданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



