Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таҷлили иди Сада дар Хатлон
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва Вазири кишоварзии мамлакат, рӯзи 29-уми январи соли ҷорӣ, дар назди театри мусиқи-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтарин намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гулу гулбутта, ниҳолони сояафкану ороишӣ ва дигар дастранҷи хешро ба маърази тамошо гузошта буданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ва дигар меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан карданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баромади хеш қайд кард, ки заҳматкашони вилоят дар соли 2021 пурмаҳсул меҳнат намуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба беш аз 20 миллиарду 694 миллион сомонӣ расониданд, ки ин нишондод нисбати соли 2020 ба маротиб зиёд мебошад.

Барои нишондоди хуби кишоварзӣ дар соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ ба ноҳияи Данғара шоҳҷоиза ва 10 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Кӯшониён вимпел ва 7 ҳазор сомонӣ ва ба ноҳияи Ҷайҳун вимпел ва 5 ҳазор сомонӣ дода шуд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ як гурўҳ намояндагони ВАО барои инъикоси хуби дастовардҳои масоили кишоварзии вилоят бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



