Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
Давоми соли сипаригардаи 2021, аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан баргаштанд 286 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар ин баробар 256 нафар ба касбомӯзӣ, 48 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 969 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин 16 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои бе фоизи мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ба соҳибкорӣ машғул шуданд.
Тавре аз хадамоти матбуотии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар соли 2021 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозпасгашта, 1575 нафар, аз ҷумла 1486 мард ва 89 зан бо мусоидати раёсат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва касбомӯзӣ ба мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят муроҷиат намуданд.
Аз ниҳоди мазкур ҳамчунин гуфтанд, ки соли гузашта 17 ҳазору 874 нафар шаҳрвандон вобаста ба манъ будани вурудашон ба Федератсияи Россия ба раёсат ва бахшу шуъбаҳои он муроҷиат карданд. Дар натиҷаи санҷишҳо муайян карда шуд, ки воридшавии 4 ҳазору 662 нафар, аз ҷумла 4223 нафар мард ва 439 нафар зан ба ин давлат муваққатан манъ мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафаи раёсат ба 200 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз давлатҳои Хитой, Швейтсария, Испания, Эрон, Япония, Филиппин ва Афғонистон, ки дар ҳудуди вилоят мебошанд, иҷозатнома барои кор дода шуд. Дар ҳудуди вилоят 39 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 336 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон дар ин ширкатҳо 4 ҳазору 364 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 225 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба хориҷи кишвар мамнуъ аст бо кор таъмин гаштаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



