Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“НУРАФШО” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД
Дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази ташхисию табобатии “Нурафшо” маврди истифодабарӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тағоймурод Мирзоев бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тавре Далер Шарифов, сухангӯи дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба “”Сафо” иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи ин маркази ташхисию табобатӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иштирок карданд.

Дар ин Марказ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба кор ҷалб гардида, дар ин баробар 8 нафар мутахассисони ҷавон баъд аз хатми Донишгоҳи тиббӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Баъди ба истифода додани иншооти мазкур сокинон имкон пайдо карданд, ки ба шаҳри Душанбе нарафта, дар наздикии маҳалли зисти худ аз хизматрасонии босифати тиббӣ истифода намоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Аксҳо аз бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри КӮЛОБ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



