Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КУЛЧАҚАНД
Маҳсулот :
Орд – 500 г
Сода – 1 қошуқча
Маска – 250 гр
Шакар – 100 гр
Тухм – 2 дона
Барои крем:
Равғани маска – 150гр
Ширқиём (варёнка) – 1 қуттӣ
Маскаи мулоимро ба зарфи чуқур андохта, шакар пошида, бо миксер ё қошуқ то якранг гаштан омехта мекунем.
Ба болои он 2 дона тухмро бо навбат меандозем. Бояд 1 дона тухмро андохта, омехта карда, боз дуюмашро илова кунем.
Ордро бо сода якҷоя карда, кам-кам ба маҳсулоти омодакардаамон ҳамроҳ мекунем. Ҳамзамон бо миксер лат задан мегирем.
Хамири омодагаштаро дар селофан (пищевая пленка) печонида, ба муддати 2 соат дар ҷой яхини яхдон (морозилник) мегузорем.
Баъди 2 соат хамирро дар болои коғази махсуси пухтупазӣ аз тарошак мегузаронем. Баъдан онро дар тафдони гармкардашудаи то 160 -189 С мегузорем. 5-15 дақиқа интизор мешавем, то тарошаҳо тиллоранг шаванд.
Маҳсулоти пухтаро аз тафдон гирифта, хунук мекунем ва сипас майда мекунем.
Таҳияи крем:
Барои кремро омода намудан маскаи обкардашударо бо ширқиём (варёнка) бо миксер лат мезанем. Резачаҳо майданамудаамонро бо крем омехта карда, шакли дилхоҳамонро аз он тайёр мекунем.
Ба болои кулчақандҳои омоданамудаамон мағзи чормағз ё кунҷит (вобаста ба хоҳиш) мепошем. Сипас кулчақандҳоро крем ё шоколади обкардашуда ороиш медиҳем.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



