Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР БОХТАР ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ АНГИШТ БАРГУЗОР ШУД
14 декабри соли ҷорӣ, дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ярмаркаи фурӯши ангишт баргузор шуд. Иқдоми мазкур имкон медиҳад сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ангиштро аз нархи бозор як маротиба арзон харидорӣ кунанд.
Тибқи иттилои масъулин иқдоми мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик” роҳандозӣ гардида, мақсад аз ташкил кардани он ба танзим даровардани нархи ангишт дар бозорҳои мамлакат дар фасли сармо ва кумак ба аҳолии мамлакат мебошад.
Дар маҷмӯъ 1300 тонна ангишт ворид карда шуда, арзиши ҳар як килограмми он 70 дирамро дар бар мегирад, ки аз нархи бозор як маротиба арзон мебошад.
Ҳамин гуна иқдоми хуб дар минтақаи Кӯлоб низ роҳандозӣ гардида, сокинон имкон пайдо карданд, ки бо нархи дастрас ангишти хушсифат харидорӣ кунанд.
Сулаймони ДАВЛАТ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



