ҶИЛВАИ ГУЛҲО ТАРОВАТИ ШАҲР

Ба иштирокчиёни семинари мазкур ниҳолпарварон ва мутахассисони корхонаи воҳиди давлатии Боғпарварӣ ва ниҳолшинонии шаҳри Бохтар тарзи парвариши гулҳои мавсимиро амалан нишон дода, доир ба шарту шароити нигоҳдории гулҳои мавсимӣ, усулҳои шинонидан, интихоби дурусти мавзеи гулшинонӣ, тарз ва меъёри обдиҳӣ, аз ҷумла гулҳои лола ва карамгул маълумоти муфассал доданд. Гуфта шуд, ки мавсими шинонидани гулҳои мавсимӣ дар Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи май оғоз мегардад. Аз ин рӯ, аз ҳозир барои мавсими навбатӣ омодагӣ бояд дид.
Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода зимни сухбат бо иштирокдорон ва ниҳолпарварон иброз намуд, ки тибқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми корхонаву муассисаҳои ҳудуди шаҳри Бохтар новобаста аз шакли моликият вазифадоранд, ки дар мавсимҳои гулшинонӣ дар заминҳои надзи идораашон гулҳои мавсимии зебо ва дилкаш шинонида, макони зисту ҷои корашонро гулзор намоянд.