Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МегаФон дар Кӯлоб дафтари кории худро кушод
Дар шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи ифтитоҳи намояндагии Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур, муовини якуми раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Кӯлоб Баҳром Садирзода, директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ва намояндагони ВАО-и минтақа ширкат варзиданд.
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар бозори кишвар аллакай 20 сол фаъолият мекунад. Тӯли ин муддат дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии наздики он зиёда аз 170 пойгоҳҳои базавӣ насб карда шуда, зиёда аз 40 нуқтаи фурӯшҳои оператор кушода шудаанд. Аз ҳама бештар мизоҷони толорҳои фирмавӣ тарофаҳои “Биё! Фаъол бош 2020” ва “Биё! Бубин 2020”-ро пайваст мекунанд. Инчунин силсилаи тарофаҳои нави “Аз ту оғоз мегардад!” бо шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои бемаҳдуд ва зангҳои ройгон дар дохили шабака хеле маъмул аст. Муштариён замимаи “МегаФон Life”-ро низ барои зангҳо ба давлатҳои ИДМ ва ҳисоббаробарокуниҳои мобилӣ фаъолона истифода мебаранд. Намояндагии нав имкон медиҳад, ки феҳристи хизматрасониҳои дастраси рақамӣ васеъ карда шуда, аз ҳама муҳим – пешниҳодҳои тарофавии ҷолиби диққати сокинони маҳаллӣ таҳия карда шаванд.
“Ҳангоми таҳияи тарофаву хизматрасониҳо ширкат хусусиятҳои минтақа ва дархосту хоҳишҳои муштариёнро ба назар мегирад. Бо кушода шудани намояндагии нав анҷоми ин кор осонтар мешавад. Мутмаинам, ки сокинони Кӯлоб чунин муносибати инфиродиро баланд арзёбӣ намуда, масоили рақамии худро ба таври фаврӣ ҳал хоҳанд кард”, - изҳор дошт директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҷид САЙТАСАНОВ.
Билоли Шамс
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



