Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёди анбор барои ҳолатҳои фавқулода
Дар ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бо харҷи се миллион сомонӣ анбори захираҳои эҳтиётии маҳсулоти ғайриозуқаворӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре зимни суҳбат сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов иброз кард, иқдоми мазкур ба он хотир амалӣ карда шудааст, ки дар вақти ба вуқўъ омадани ҳолатҳои фавқулода дар як маврид ба ҳазор оилаи зарардида сари вақт маводи аввалия, аз қабили рахти хоб, ҷиҳози рӯзгордорӣ, зарфҳо барои оби нӯшокӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва дастгоҳҳои таъминкунандаи неруи барқ расонида шавад.
Ин анбор бори нахуст дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон сохта шуда, дар он ба маблағи 1 миллиону 777 ҳазор сомонӣ 63 номгӯи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ захира карда шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи доимӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони як қатор созмонҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарияти ноҳия иштирок ва суханронӣ карданд.

Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита “Медали ҳамкорӣ” тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Гулҳои Гулсара



