Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

    3 январ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муаррифии муовини навтаъини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуданд, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилоят Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода таъин карда шуд.

Зимни муаррифии муовини навтаъини раиси вилоят ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумот дода шуд, ки Фирӯза Шарифӣ аз 2 ноябри соли 2016 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фирӯза Шарифӣ 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор, модари як фарзанд мебошад.

Солҳои 1995, 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Фирӯза Шарифӣ дар иҷрои вазифаи нави пурмасъулияташ барору комёбӣ хоста, таъкид намуданд, ки Роҳбари давлат ҳамеша ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, такя мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тамоми фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба он равона гардад, ки Тоҷикистонри азизро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил диҳем.


Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилоят
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ