ДАР ҲАР ХУСУС
Занҷабил (имбир)
Занҷабил барои гарм кардани организми инсон, баланд шудани қобилияти кории иммунитет ва рафъи заҳрҳо аз организм мусоидат мекунад. Аз ҷумла, занҷабил барои табобати бемориҳои гулӯ ва шамолхӯрӣ давои хуб аст.
Пиёз
Давои рафъи вирусҳо пиёз низ мебошад. Шарбати пиёзро дар истакон гирифта, каме дар оби ҷӯш нигоҳ медорем. Рӯзе чанд маротиба чун нӯшокӣ истеъмол мекунем. Инчунин 1 дона пиёзро реза карда, дар ним литр шири ҷӯшомада ҳамроҳ мекунем ва муддати ним соат дар буғ нигоҳ медорем. Пеш аз истеъмол аз дока меполонем ва ба ду қисм тақсим мекунем. Қисмати аввалро пеш аз хоб менӯшем ва қисмати дуввумро субҳ. Ин нӯшокиро дар ҳолати гармӣ менӯшем.
Сиркои себӣ
Дар 1 истакон оби ҷӯш 1 қошуқ сиркои себ барои ғарғара кардани гулӯ манфиатбахш аст.
Чой
Дар ҳолати пайдоиши аввалин аломатҳои шамолхӯрӣ дарҳол бояд чойи кабуд ё сиёҳро бо каме қаланфур нӯшид. Зеро ин нӯшоба кори гардиши хунро хуб ва барои пешгирии хуруҷи бемориҳои лимфотикӣ мусоид буда, зиддивирусӣ маҳсуб меёбад.
Сирпиёз