“РАХШ” БА БОХТАР РАСИД

Муовини директори ширкати мазкур Алиҷони Олимҷон гуфт, ки “Рахш таксӣ” аввалин ширкати мусофиркашонист, ки дар маркази вилояти Хатлон корро оғоз кардааст.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки айни ҳол ширкат дорои 70 автомошинаи сабукрав буда, шабонарӯзӣ бо нархҳои дастрас ба мурдум хизмат мерасонад.
Маъмурияти ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” ният доранд дар оянда хизматрасонии мошинҳои боркашро низ роҳандозӣ намояд.