КӮШОНИЁН: БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

     Бо ибтикори Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва муҷаҳҳаз-гардонии мактабҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди саудии рушд дар деҳаи «Обшорон»-и ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён сохтмони бинои 4 ошёнаи муассисаи таълимӣ барои 620 нафар хонанда дар як баст оғоз гардид. Маблағи умумии сохтмон зиёда аз 10 миллион сомониро дар бар гирифта, бояд то охири соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Фирӯз» бо саҳми мутахассисони маҳаллӣ иҷро намуда истодааст.

Бино ба иттилои раиси маҳаллаи «Обшорон»  Рамазон Муродов баъди ба истифода додани муассисаи таълимӣ кӯдакони 3 деҳа, ки то ин замон дар масофаи 5 километр дур таҳсил менамуданд, дар ин макони илму маърифат таълиму тарбия мегиранд. 

Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки муассиса таълимӣ дорои 32 синфхона, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан, 70 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ мегарданд.


Сулаймон Султонов 
Добавить комментарий