ДАР КӮШОНИЁН АВВАЛИН БИНОИ ҲАФТ ОШЁНА БУНЁД МЕШАВАД

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, бинои мазкур бо харҷи 11 миллион сомонӣ бунёд гардида, соли 2021 ба истифода дода мешавад. Дар бунёди ин бино даҳҳо мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуда истодаанд.
Ҳамчунин дар маркази ноҳия бо ташаббуси боз як соҳибкори маҳаллии дигар бунёди ду бинои панҷқабатаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи онҳо 18 миллион сомониро дар бар мегирад.