Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

РУШДИ ҶАНГАЛПАРВАРӢ

    Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва идораҳои зертобеи он баҳри амалигардонии талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ ва иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёми роҳнамо бар меояд чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд.
  
     Рушди ҷангалпарварӣ, таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим фардо ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод мегузорад. Дар самти бунёди ҷангалҳои нав, барқарорсозии ҷангалҳои кӯҳна, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва идораҳои зертобеи он корҳои назаррасро анҷом бахшиданд. Соли 2019 228 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, 555 гектар ҷангалҳои куҳна аз нав барқарор шуданд. Дар маҷмӯъ барои бунёд ва барқароркунӣ ба миқдори 123 ҳазору 462 бех ниҳол шинонида шуда, 1 ҳазору 265 килло тухмӣ кишт карда шуд.Соли 2020 - ум бошад, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки нишондодҳоро боз ҳам афзун гардонанд.

- Дар ин ҷода Паёми роҳнамои Пешвои муаззами миллат ҳамдаму ҳамнафаси кормандони хоҷагии ҷангали вилоят ва муассисаҳои зертобеи он мебошад,- таъкид дошт дар суҳбат муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров.

Воқеан, кори сармуассиса ва панҷ муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Бохтар тибқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Дар ин миён метавон кори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Абдусалом Холови ноҳияи Хуросонро намунаи ибрат арзёбӣ дошт. Ҷангалпарварони ин муассиса соли равон дар майдони 6,5 гектар замини санглохи бекорхобида боғи нави чормағз бунёд карда, 1 ҳазору 100 ниҳоли чормағз шинониданд. Дар байни қатори боғ бошад, гандум кишт карда, ҳар қитъа заминро самаранок истифода мебаранд.

- Мо ҳидоятҳои созандаи Паёми роҳнаморо сармашқи кори худ намуда, тавассути техникаҳои пуриқтисод замини санглохро тахту ҳамвор карда, сангҳои калонро аз замин ҷамъоварӣ кардем, аз масофаи беш аз як километр аз дарёи Вахш тавассути қубурҳои обгузар об баровардем ва зиёда аз 12 гектар замини санглохро ба гардиши кишоварзӣ ворид намудем, бо нигоҳи ватандорӣ таъкид дошт сарҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон Рустам Тағоев.

Дар ҳақиқат, дар оғози соли 2020 дар баробари бунёди 6,5 гектар боғи чормағз дар майдони 3,5 гектар боғи бодом,2 гектар боғи писта бунёд карданд. 2,5 бех бодом ва 840 бех ниҳоли писта шинонида шуд. Мақсад доранд, ки боз дар ду тарафи дараҳои ин мавзеъ 2 ҳазору 400 бех ниҳоли писта шинонанд. Ҳангоми ниҳолшинонӣ аз поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ низ самаранок истифода мебаранд. Дар байни навниҳолони бодом бошад, имрӯз пиёз нашъунамои муътадил дорад. Ҳамчунин зарурат ва аҳамияти яхобмониро ба хубӣ дарк карда, ҷангалзорҳои куҳнаро яхоб монданд, то гулкунии дарахтон дертар ба вуқӯъ пайвандад ва ҳосил бо сард омадани ҳаво дар аввали баҳор талаф наёбад.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ