Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

НИҲОЛҲОИ ПАЙВАНДИИ ДОРОИ СЕРТИФИКАТ

     Сокини деҳаи Навҷувони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён Савзалӣ Ҷобиров дар ниҳолпарварӣ устоди соҳа буда, аз кору амалҳои некаш шукргузор аст, ки ба мардуми диёр хизмат кардааст.

Баъд аз ҳодисаҳои маълуми солҳои 1990 - ум меҳру муҳаббати Савзалӣ Ҷобиров ба замин зиёд гардид. Рӯ ҷониби замин овард. Солҳои минбаъда бо шарофати сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибзамин гардид ва дар 4,5 гектар дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Дӯстӣ хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварии «Боғистон» - ро таъсис дод.

       Вале ӯ пайванд кардани дарахтро дар синни 10 - солагӣ аз деҳқони асили деҳа Ҳафизбобо омӯхта буд. Имрӯз бошад, чор намуди пайванд кундапайванд, муғчапайванд, навдапайванд ва найчапайвандро мегузаронад. Кундапайвандро беҳтарин пайванд арзёбӣ медорад.

Аслан дар хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварии «Боғистон» 8 навъи шафтолу, 5 навъи зардолу, 3 навъи бодом, чор навъи олу, 5 навъи хурмо, 2 навъи гелос ва дигар ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ парвариш меёбад.

Харидорони ниҳолҳои парваришкардаи деҳқони асил Савзалӣ Ҷобиров харидорони зиёд дорад, зеро ниҳолҳо пайвандӣ ва дорои сертификат буда, барои харидорон кафолат дода мешавад. Харидорон ҳам аз сифати ниҳолҳои ӯ қаноатманданд.

Дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияҳои атроф ин марди меҳнатиро ҳамчун боғбони моҳир, ниҳолпарвари чирадаст мешиносанду эҳтиромашро бар ҷой меоранд.

Дар самти ба шаклдарории ниҳолу дарахтон Савзалӣ Ҷобиров андешаҳои худро дорад. Аз нигоҳи ӯ меъёрҳои башаклдарорӣ бояд қатъӣ риоя гардад, зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки як қисм боғҳои намунавии мевааш содиротшаванда бо сабаби риоя нагардидани башаклдарорӣ ва баланд гардидани обҳои зеризаминӣ баъди чор - панҷ сол хушк гардиданд. Барои шинонидан ва парвариши ниҳоли чунин боғот маблағҳои калон сарф мегардад, ки барои ин хароҷотро пӯшонидан деҳқон ба мушкилиҳои зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегардад.

Ӯ аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор мебошад, зеро соҳиби замин, хоҷагии ниҳолпарварии худ шуда, фарзандонро низ ба ин роҳ ҳидоят намуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоятамон идома дорад. Аз таҷрибаи чунин ниҳолпарварон бояд баҳравар гардем ва ниҳолҳои пайвандии дорои сертификатбударо харидорӣ намоем.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ