Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
Аз 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон, аввалин шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ барзгарони шаҳри Леваканту Бохтар нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд.
Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 20 – уми сентябри соли равон аввалин шуда пахтакорони шаҳри Леваканту Бохтар аз иҷрои дурнамои ин ашёи хоми саноатӣ мужда доданд.
Тибқи иттилоъ дар шаҳри Левакант дар майдони 1030 гектар ва дар шаҳри Бохтар дар майдони 250 гектар кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Нақшаи ҷамъоварии “тиллои сафед” дар шаҳри Левакант 2300 тонна ва дар шаҳри Бохтар бошад 515 тонна муқаррар шудааст.
То инҷониб хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Левакант 2345,7 тонна ё 101,99 фоиз ва барзгарони шаҳри Бохтар ба миқдори 518,9 тонна ё 100,74 фоиз пахта ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабул супоридаанд.
Феълан дар саҳро ҳисил фаровон буда, хоҷагидорон азм доранд то кӯраки охирин ҳосили боқимондаро ҷамъоварӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони 123 ҳазор гетар замин кишти пахта ба роҳ монда шудааст.
Муфовиқи дурнамо заркорони вилоят бояд 254 ҳазору 300 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намоянд.
Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон то 22 сентябри соли равон хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон ба миқдори 122 ҳазору 945,4 тонна пахта ҷамъоварӣ карда, дурнаморо 48,35 фоиз иҷро намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



