ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОН
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати маорифпарваронаи худ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро дар мақоми аввал гузошта, пайваста роҳбарияти Вазорати маориф ва дигар вазорату кумитаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шахсони хайрхоҳу накӯкорро ҳидоят менамояд, ки барои чунин кӯдакону наврасон ҳама шароити арзандаро фароҳам оранд. Дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон 177 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки аз ин 12 нафар ятими кул буда, боқимонда ё аз падар ё аз модар маҳрум ва ё аз табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошанд.
Имрӯз мактаб - интернати кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон дорои хобгоҳ, китобхона, ошхона, утоқҳои таҷҳизонидашуда буда, тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифат ба китобхона ҷалб гардида, донишу ҳунари худро сайқал медиҳанд. Аз муаллимаҳои ботаҷриба ҳунарҳои дӯзандагӣ ва пазандагиро аз худ мекунанд. Имрӯз устодон ва тарбиятгирандагони ин муассиса аз сиёсати маорифпарварона ва инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд, ки барояшон шароити арзандаи таълиму табияро фароҳам оварда, вазорату кумитаҳо ва соҳибкорону шахсони баландҳимматро ҳидоят менамоянд, ки табақаҳои ниёзманди ҷомеаро дастгирии комил намоянд.
Воқеан, некию мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси саховатпешаю баландҳимматро тарбиятгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Онҳо низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарзанди сазовори давру замон ба камол расида, фардо дар пешрафту шукуфоии ватани маҳбуб саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ш. САИДОВ