Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

     Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Бохтар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор шуд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии давлат дар Тоҷикистон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг аз нав эҳё гардида, дар ҷомеаи мо имрӯз мақом ва ҷойгоҳи арзишмандро сазовор мебошанд. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳр дар тарабхонаи «Мафтуна» бо иштироки доираи васеи сокинони шаҳр, занону ҷавонони ҳунарманд, кӯдакону наврасон, собиқадорони меҳнат дар доираи баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» ва ҳамоиши либосҳои миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин ҳамоиш аз сиёсати худшиносии миллӣ, татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 - уми декабри соли 2018 таҳти рақами 1 ҳазору 140 ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мо ба асли худ рӯ биёрем, либосҳои миллиро ташвиқу тарғиб намоем. Ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем, пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористӣ ва экстремистӣ сари вақт гирем. Рӯ ҷониби илму дониш ва ҳунар биёрем. Аз ин нигоҳ рушди ҳунарҳои мардумӣ аз бисёр ҷиҳат ба занону бонувони ҳунарманд, ҷавонони донишманду боҳунар вобастагии қавӣ дорад. Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» занону бонувони ҳунарманди маҳаллаҳои шаҳр, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо дастархони одӣ, хоксорона ва хеле зебу орододашударо пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд. Ин баёнгари ҳунари волои занону бонувони ҳунарманди шаҳри Бохтар дар даври аввали озмун буд.

Дар баробари намоиши ҳунари дастархонороӣ дар ин маҳфили фарҳангӣ либосҳои миллӣ низ ба намоиш гузошта шуда, гулдухтарони атласу адраспӯш ва чаканпӯш дар тан либоси миллӣ ба даври шаҳрии озмун ҳусну зебогии дигар зам намуданд. Имрӯз мо дар чунин озмунҳо ва озмунҳои сатҳи байналмилалӣ бо либоси миллӣ, чакану атласу адрас метавонем миллати худро муаррифӣ намоем. Тарғиби либос, баргузории чунин озмуну ҳамоишҳо ба он хотир аст, ки занону бонувони тоҷик ба бегонапарастӣ роҳ надиҳанд, пеш аз ҳама, либоси миллии худро ба бар кунанд ва дорои маърифати баланд будани занону духтарони тоҷикро амалан исбот намоянд.

Занони собиқадору ботаҷриба, он нафароне, ки дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир доранд, дар чорабинии фарҳангӣ ширкат варзида, аз таҷрибаи худ, эҳтироми таъриху фарҳанги ниёгон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархон андеша баён карданд.

     Воқеан, дастархонороӣ ҳам ҳунар ва ҳам маърифати баланди кадбонуҳо мебошад. Дар қатори таомҳои миллии дигар халқияту миллатҳо, таомҳои миллии тоҷикӣ бояд мавқеи хосаро дошта бошанд. Хушбахтона, чунин ҳам ҳаст. Дар даври аввали озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ», ки даврҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии он дар пешанд, занону бонувони ҳунарманд омодагии ҷиддӣ мегиранд, то бо ҳунари волои худ, шаҳри худ, вилояти худ ва ҷумҳурии азизи худро муаррифӣ карда тавонанд. Рақсҳои миллии занонаю мардона, либосҳои миллӣ, ҳунари гулдухтарону занони тоҷик ба чорабинӣ ҳусну таровати хоса бахшид. Дар поёни ин озмун ғолибони он аз ҷониби комиссияи тадорукот ҳавасманд гардонида шуданд. Ин дилгармӣ ба онҳо неруи тоза ва шавқи беандоза мебахшад.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ