Бойгонӣ
12 фев 10:14Ахбор / Иҷтимоъ

ҲАМОИШИ МАНФИАТБАХШ

     Дар ноҳияи Ёвон вохӯрии роҳбарияти Суди вилояти Хатлон, судяҳои Судҳои шаҳру ноҳияҳо ва судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо фаъолони ноҳия баргузор гардида, семинар - машварати омӯзишии судяҳо гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ёвон муовини раиси Суди вилояти Хатлон Муҳиддинзода Сайфиддин оид ба нуктаҳои Паёми роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалигардонии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, риояи талаботи қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пешгирии воридшавии маводи мухаддир, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, зӯроварӣ дар оила, бекоршавии акди никоҳ, сабабҳои пошхӯрии оилаҳо, эҳтиром ва таъмини волоияти қонун баромад карда, ба суолҳои иштирокчиёни ҳамоиш бо далелҳои муътамад ҷавобҳои мушаххас дод.

Сипас, дар қисми дуюм бо иштироки роҳбарияти Суди вилояти Хатлон, судяҳои Судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон семинар - машварати омӯзишӣ оғоз ёфт. Ҳадафи асосӣ таъмини волоияти қонун, адолати судӣ ва ғанӣ гардонидани дониши ҳуқуқии судяҳо буд, зеро судяҳо бо хато кардан ҳақ надоранд. Баҳравар гардидан аз таҷрибаи ҳамдигар, риояи талаботи моддаҳои қонунҳо маҳаки асосӣ буд. Бинобар ин мавзӯъҳои зер «Баррасии парвандаҳо вобаста ба эътиборнок донистани никоҳ» баромади раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Рустам, «Тартиби баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ дар мурофиаи ошкоро ва пӯшидаи маҷлиси судӣ» баромадкунанда Шамсулло Аҳёзода раиси Суди шаҳри Норак «Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунад» маърӯзаи судяи Суди шаҳри Бохтар Иброҳимзода Дурандеш ва «Саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узв, маъюбкунӣ) ё усули дигар» баромади судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Рафиқзода Алишерро бо мароқи том шуниданд. Баҳсу андешарониҳои зиёд сурат гирифт. Судяҳо аз таҷриба ва ҳолатҳое, ки дар мурофиаҳои судӣ рух медиҳад, баҳс намуданд, то фардо дар ҳукм ва ҳалномаҳои судӣ ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Ба тақдири инсон, ки тибқи Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишҳои олӣ маҳсуб меёбанд, аз нигоҳи талаботи қонун баҳогузорӣ намоянд.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019