ҶОНИБДОРӢ АЗ ИҚДОМҲОИ СОЗАНДА

      Дар доираи 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар Ҷамоати деҳоти «Навзамин»-и ноҳияи Дӯстӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ се километр роҳ сангфарш гардида, заҳкашу заҳбури деҳаи Умед тоза карда шуд.

Дар деҳаи Умеди Ҷамоати деҳоти «Навзамин»-и ноҳияи Дӯстӣ асосан узбекзабонҳо зиндагӣ карда, онҳо ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғуланд. Сокинони маҳал аз ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии деҳот, аз замин рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ҷонибдории комил менамоянд. Ин аст, ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ се километр роҳи деҳаи Умед тавассути нақлиёти боркашон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳал сангфарш гардид.

Ҳамчунин баъди тоза кардани заҳкаши деҳа аз нигоҳи коршиносон боздеҳи замин баланд гардида, сатҳи рӯзгори мардум боз ҳам беҳтар мешавад. Сокинони маҳал аз амалигардонии чунин иқдомҳо ва дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаю бунёдкорона аз ҷониби ҷавонмардони накӯкор, соҳибкорони бонангу номуси диёр аз Пешвои муаззами миллат ва чунин ҷавонмардони ободкор сипосгузоранд.

Ҳадафи асосии эълон гардидани 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳамин аст, ки симои деҳот боз ҳам ободу зебо гардида, зиндагӣ нумуи тоза ёбад ва сатҳи рӯзгори сокинони маҳал  боз ҳам беҳтар шавад.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019