Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Гурӯҳе аз намояндагони вилояти Хатлон тибқи дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо мақсади дидору мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ, шиносоӣ бо кору зиндагии онҳо ва муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ ба Федератсияи Россия сафар карданд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ба ҳайати мазкур, ки роҳбарии онро муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ба уҳда дорад, мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қурбон Вализода, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят Сайфиддин Хайрулло, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, муовини аввали раиси ноҳияи Панҷ Шарофиддин Асомиддинзода шомил мебошанд.
Нимаи дуюми рӯзи 27-уми январ гурӯҳи корӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторӣ вохӯрда, оид масоили дарболо зикргардида мубодилаи афкор намуданд.
Сипас, дар толори сафорат вохӯрии ҳайати вилоят бо намояндагии вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.
Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба имконоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷалби соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ба раванди босуръати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар кишвар, имтиёзу шароити мавҷудаи вилояти Хатлон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар суҳбат намуданд.
Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки баъд аз омодагии ҳамаҷониба бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Федератсияи Россия баргузории Форуми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Хатлон ва сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст.
Дар охир ҷамъомадагон оид ба таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолию марказҳои хизматрасонӣ ва баргузории форуми бошукӯҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба намояндагони вилояти Хатлон суолу пешниҳодҳои худро баён карданд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД