БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

   Ба истиқболи арзанда аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун бунёдкорӣ бомаром идома дорад.

Мардум аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвату ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти 2019 - 2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷонибдории комил менамоянд. Дар ҷамъомад бо иштироки кормандони масъули Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» раиси ҷамоат Ҳайдарзода Зикруллоҳ зикр намуд, ки аҳолии ҷамоат 27 ҳазору 539 нафарро фарогир мебошад, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии давлат, дар фазои тинҷу ором,зери Парчами нангу номуси ватандорӣ кору пайкор дошта,худ дар ин тозакориҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аз ин нигоҳ симои деҳот сол то сол ободу зеботар мегардад.

Воқеан, аз 19 иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди ҷамоат 5 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боз дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони бонангу номус ва сокинони маҳал иқдом гирифтанд, ки илова ба нақша чандин иншооти таъиноти гуногун бунёд менамоянд, ки амалигардонии ин иқдомҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хуб шудани сатҳи зиндагии сокинони деҳот мусоидат менамояд.

Бунгоҳи саломатии деҳаи Лоҳутӣ, Маркази саломатии деҳотии деҳаи зикргардида ба таъсиси 12 ҷойи нави корӣ,баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Баҳри дар оянда муҳайё кардани шароити арзандаи таълим дар деҳаҳои Махдумқулӣ ва Лоҳутӣ бунёди 8 синфхонаи иловагӣ, майдони варзишӣ идома дошта, қисме аз роҳҳои деҳот сангфарш гардида, 24 километр заҳкашу заҳбурҳо тоза шуданд.

Бунёдкорӣ ба шарафи истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун вусъат ёфта, фардо барои ҳамватанон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ пайдо мегардад ва симои деҳот ободтару зеботар мешавад.


Ш. Саидов
Добавить комментарий