БУНЁДКОРӢ

   Ба шарафи истиқболи арзанда аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз 10 иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад, ки аз ин аллакай 5 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон обод кардани гӯшаю канори ватан, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина ба зиндагии шоиста расонидани ҳамватанон мебошад. Иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҳамватанон дар деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ низ дастгирии комил ёфта истодааст. 

Рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ободонии маҳал, ҷонибдорӣ аз 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он ҳадафҳоест, ки сокинони деҳоти Навзамин, соҳибкорони бонангу номуси маҳал пайваста дар ободонии деҳот, бунёди иншооти таъиноти гуногун саҳми назаррас мегузоранд. Ҷамоат аввалин шуда, нақшаи даъвати наваскаронро ба сафи артиши миллӣ иҷро карда, дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони маҳал ва сифат кору хизматрасонӣ саҳмгузор мебошад.

      Бунёдкориҳо ба истиқболи арзанда аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ  бомаром идома дорад.


Ш. Саидов
Добавить комментарий