Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИЮ НАВСОЗИИ ШОҲРОҲИ «ДУШАНБЕ-БОХТАР» ШИНОС ШУД
Дирўз 12.12.2019 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд. Тавре АМИТ "ХОВАР" иттилоъ додааст, айни замон дар марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар», ки 33,2 километрро ташкил медиҳад, 250 нафар бо истифодаи беш аз 120 техникаву механизми роҳсозӣ дар 35 қитъа корҳоро бо сатҳу сифати баланд иҷро мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 92 дарсадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида шуда, паҳноии роҳ аз 16 ба 25 метр баробар карда мешавад.
Тибқи нақша зимни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Муҳлати сохтмони марҳилаи якуми роҳ 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Дар татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар дар маҷмуъ 360 нафар бо 102 нақлиёт ба кор ҷалб карда шудаанд, ки айни замон дар 33 нуқта 170 нафар бо 74 техникаю механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюм низ аз шумораи умумии коргарон 80 дарсадаш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар, 18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда марҳилаи дуюми шоҳроҳи мазкур соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд.
«Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои сифатан беҳтар намудани роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз соли 2011 Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 амалӣ мегардад, ки тибқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёду таҷдиди роҳҳо ва дигар иншооти соҳа идома дорад.
Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ободу зебо гардонидани атрофи шоҳроҳи мазкурро оғоз намуда, ҳамзамон бо вусъат бахшидани ҷараёни корҳои сохтмону навсозӣ иншооти мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгў ба талаботи замон ба истифода супоранд.
Шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида шуда, паҳноии роҳ аз 16 ба 25 метр баробар карда мешавад.
Тибқи нақша зимни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Муҳлати сохтмони марҳилаи якуми роҳ 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Дар татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар дар маҷмуъ 360 нафар бо 102 нақлиёт ба кор ҷалб карда шудаанд, ки айни замон дар 33 нуқта 170 нафар бо 74 техникаю механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюм низ аз шумораи умумии коргарон 80 дарсадаш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар, 18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.Мувофиқи нақшаи пешбинишуда марҳилаи дуюми шоҳроҳи мазкур соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд.
«Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои сифатан беҳтар намудани роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз соли 2011 Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 амалӣ мегардад, ки тибқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёду таҷдиди роҳҳо ва дигар иншооти соҳа идома дорад.
Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ободу зебо гардонидани атрофи шоҳроҳи мазкурро оғоз намуда, ҳамзамон бо вусъат бахшидани ҷараёни корҳои сохтмону навсозӣ иншооти мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгў ба талаботи замон ба истифода супоранд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


