Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Семинар – машварати вилоятӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Кӯшониён, 15 марти соли ҷорӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини соҳа семинар – машварати вилоятӣ “Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах” баргузор гардид.
Нахуст ба ҳозирин усули муборизаи зидди малахро бо тарзи механикӣ, агротехникӣ, химиявӣ ва биологӣ нишон дода, ҳамчунин оид ба омода намудани маҳлул ва истифодаи дурусти заҳрхимикатҳоро масъулини экспедитсияи мубориза бар зидди малахи вилоят ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Инчунин дар ин семинар – машварат ба иштирокдорон техникаву мошинолоте, ки барои мубориза бар зидди малах нигаронида шудааст, намоиш дода шуд.Дар қисми назариявии ин ҳамоиш сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло Бодом баромад карда, масъалаҳои ба ин соҳа алоқамандро ёдоварӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки имрӯзҳо бо истифода аз шароитҳои мавҷуда бар зидди ин ҳашароти зараррасон корро оғоз бояд кард ва тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар баромади хеш гуфт, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барзгарони он ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда, маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои дохил ва берун аз ҷумҳурӣ ворид менамоянд. Мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи марокашӣ дар афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии нобудшавии маҳсулотҳо заминагузорӣ менамояд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оид ба ҷамъбасти семинар-машварат вобаста ба соҳаи кишоварзӣ андешаронӣ карда, аз масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват ба амал овард, ки дастуру супоришҳои бар зиммаашон бударо бечунучаро иҷро намоянд.
Дар фарҷоми ин семинар - машварат муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло бо баромади таҳлилӣ аз вазъи кишту кори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти картошка ва вусъати корҳои саҳроӣ ба иштирокдорон маълумот дод.
Номбурда раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳаи кишоварзӣ ва раисони кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати љумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даъват кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


