Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 фев 13:09Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ
ВАТАН САРБАЙТИ АШЪОРАМ

“Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва дастоварду ҳаёти осоиштаи мардум яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони имрӯза бо адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ин мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ бо сари баланд мегузаранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷавононро водор месозад, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу осоиш ва амнияти давлату ҷомеа ҳамеша омода бошанд.
Наҷмиддин Мирзоев, яке аз ҷавонони ба нангу ори ноҳияи Кӯшониён мебошад, ки хизмати ҳарбиро дар Қисми ҳарбии 0438-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2022 бо сари баланд адо намудааст. Ба андешаи ӯ Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бо нангу номус азиз ва муқаддас аст.
-Аз хурдӣ мехостам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан – Модарро адо намоям, - гуфт зимни суҳбат Наҷмиддин Мирзоев.
Чун хурд будам аксҳои падарам, ки дар даврони Шуравӣ дар шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия хизмат карда буд, медидаму мехостам ба мисли падар ин қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намоям. Ҳарчанд бузург мешудам, ин меҳр аз дилам асло канда намешуд. Дар вакти таҳсил дар мактаб шавқу рағбати дарси омодагии дифои ҳарбӣ ин меҳри дар дил парвардаи маро боз ҳам афзун кард. Ва ҳамин тариқ баъди хатми мактаб бо хоҳиши худ ба комиссарияти ҳарбии ноҳия рафта, ариза навиштам ва муддати ду сол сарбаландона марзу буми Меҳани азизи хешро муҳофизат кардам, - афзуд Наҷмиддин.
-Вақте дар комиссарияти ҳарбии вилоят моро барои сафарбар кардан ба ВМКБ тайёр карда буданд, чанд лаҳзае барои хайрухуш бо волидайн ба мо иҷозат доданд. Дар вақти худоҳофизӣ бо волидайн дидам, ки модарам барои ба роҳи дур сафарбар шудани ман каме ғамгин аст. Ба ӯ гуфтам, ки модарҷон асло ғамгин мабош. Чунки ҳар як порчаи ин сарзамини биҳиштосо барои ман азизу муқаддас аст ва ман омодаам дар дурдасттарин нуқтаи Ватан қарзи фарзандии хешро иҷро намоям. Модарам аз ин суханони ман хушҳол гашта, бо чеҳраи пур аз табассум ба ман дуои неки сафар доданд. Чун дуои неки модарро гирифтам, бо сари баланд қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар – Ватан иҷро намудам,-гуфт дар идомаи суҳбат Наҷмиддин Мирзоев.
Ин ҷавони худогоҳ дар фарҷоми суҳбат иброз кард, ки имрӯзҳо тамоми шароит дар қисмҳои ҳарбии мамлакат муҳайё карда шудааст.
- Вақте кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Аҷдодони мо ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодию ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Пас моро зарур аст, ки ин анъанаи неки ниёгони хешро давом диҳему барои ҳифзи марзу буми Ватани азизи хеш ҳамеша омода бошем,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Наҷмиддин Мирзоев.
Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд:
Ватан сарбайти ашъорам,
Ба дил меҳри туро дорам.
Ба ҳифзи хоки поки ту,
Ҳамеша ман вафодорам.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ноҳияи Кӯшониён.
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ 08:291147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД 14:41
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


