Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЭЪМОРИ ЗИЁДА АЗ 6200 ИНШООТ
Ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бунёду азнавсозии 6260 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошанд. Соли гузашта 128 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1600 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ба намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод. Ӯ қайд кард, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар соли 2022 ба 33,8 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбати соли 2021-ум 8,1 фоиз зиёд мебошад.
Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 54 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 60,8 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 188,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2454,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 2116,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 87,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Дар вилоят 41 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар вилоят 61 ҳазору 935 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 миллиарду 41 миллиону 918,3 ҳазор сомонӣ расонида шуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 6,7 фоиз зиёд мебошад.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10,6 миллиард сомонӣ расида, нисбати соли 2021-ум 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Рӯзноманигрон вобаста ба омори барзиёди истеҳсоли картошка, тахриб шудани бинои собиқи театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, мушкилоти чор оилаи ноҳияи Кӯшониён, хушкшавии ниҳолҳое, ки ҳамасола шинонида мешаванд, норасоии омӯзгорон, вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ, вазъи муассисаҳои томактабӣ, сохташавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маҳали аҳолинишин ва бунёди хонаи матбуот дар ҳудуди вилоят ба муовини аввали раиси вилоят суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймони ДАВЛАТ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


