Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
17 лоиҳа амалӣ шудааст
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, 15-уми феврали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мирзодавлат Сабурзода қайд кард, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2021 – 2025 аз 104 лоиҳа ба маблағи 234,5 миллион сомонӣ иборат буда, аз он 35 лоиҳа ба маблағи 76,1 миллион сомонӣ ба бахши иқтисод, 52 лоиҳа ба маблағи 133,6 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва 17 лоиҳа ба маблағи 24,8 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор тааллуқ дорад.
Гуфта шуд, ки сарчашмаҳои маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 105,6 миллион сомонӣ, ё ин ки 45 фоиз, аз буҷети вилоятӣ 2,3 миллион сомонӣ – 1 фоиз, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 4,9 миллион сомонӣ, ё ин ки 2,1 дарсад, аз ҳисоби бахши хусусӣ 35,3 миллион сомонӣ, ё ин ки 15,1 фоиз ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 86,4 миллион сомонӣ ё ин ки 36,8 фоизро дар бар мегирад.
Ба ҳолати 1-уми январи соли равон ҳамагӣ 17 лоиҳа ба маблағи 123,3 миллион сомонӣ амалӣ шуда, 6 лоиҳаи дигар дар амал қарор дорад.
-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои барнома дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, - гуфт М. Сабурзода.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


