Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ба истифодадиҳии 17 синфхонаи иловагӣ
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта бо ташаббуси соҳибкорон ва кумитаи падару модарон дар назди чор муасисаи таълимии ҳудуди ноҳия 17 синфхонаи иловагӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 404 хонанда дар як баст сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Ӯ афзуд, ки ин иқдом дар соли равон идома ёфта, боз дар назди 9 муассисаи таълимӣ бунёди 32 синфхонаи дигар барои 796 ҷойи нишаст дар як баст рафта истодааст.
Ҳамчунин аз ҳисоби барномаи CASSA – 1000, лоиҳаи дастгирии ҷомеа азнавсозии боми бинои муассисаи таълимии №8 ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ анҷом пазируфт ва ин муассиса давра ба давра пурра аз таъмир бароварда мешавад.
Инчунин аз ҳисоби ин барнома дар назди муассисаи таълимии №3 сохтмони боғчаи кӯдакона барои ба таълим фаро гирифтани 32 кӯдак бо харҷи 160 ҳазор доллари амрикоӣ, ва бунёди 46 синфхонаи иловагӣ дар назди 11 мактаб барои 1104 ҷойи нишаст бомаром идома дорад.
Феълан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 64 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсей ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 1934 нафар омӯзгорон ба 47 ҳазору 585 хонанда таълим дода истодаанд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


