Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
2,4 миллион тонна семент истеҳсол шудааст
Соли гузашта корхонаҳои сементбарории ноҳияи Ёвон ба миқдори 2,4 миллион тонна семент истеҳсол карданд, ки 50 фоизи истеҳсоли ин маҳсулоти сохтмониро дар ҷумҳурӣ ташкил мекунад. Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки аз сементи истеҳсолгардида дар маҷмуъ 498 ҳазору 113 тоннаи он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Афғонистон ва Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда шудааст. Дар баробари семент аз корхонаи “Хуаҷиан Ғаюр индустриал” ба миқдори 505 ҳазору 320 дона гаҷкартон ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст. Маблағи маҳсулоти содиротгардида 177 миллиону 572 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Қайд гардид, ки соли сипаригардида дар ҳудуди ноҳия як қатор коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар заминаи корхонаи ҶДММ “Талко Кемикал” коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти минералӣ бо иқтидори истеҳсоли 75 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол ба истифода дода шуд, ки дар он 18 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
-Дар арафаи ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корхонаи коркарди пахтаи “Саффир”, коргоҳи хурди равғанбарории ҶДММ “Карипас – 2010”, бо иқтидори коркарди 400 тонна чигит дар як сол, коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ва ду коргоҳи истеҳсоли нон ва маҳсулоти омехта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар соли 2023 бошад ба истифодадиҳии корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ “Чжунгстай моҳир семент” ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Бахтиёр Шарифӣ.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


