Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Содиршавии ҷиноят паст гардидааст
Прокуратураи вилояти Хатлон соли 2022 дар самти назорати умумӣ аз натиҷаи 1684 санҷиш 5527 амр, 3914 эътироз ва 2739 пешниҳод оварда, бо баррасаи санадҳои эътиноии прокурорӣ 17 ҳазору 302 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 1173 адад зиёд мебошад.Дар ин бора Прокурори вилояти Хатлон Абрураҳим Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ афзуд, ки тариқи назорати умумӣ зарари расонидашуда ба маблағи 293 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки таҳлили вазъи ҷиноят дар вилоят нишон дод, ки соли 2022 сатҳи содиршавии ҷиноят 10,4 фоиз паст гардида, кушодашавии ҷиноятҳо 78,7 дарсадро ташкил медиҳад.
-Тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар давраи ҷамъбастӣ аз ҷониби муфаттишон 1966 парванда ба пешбурд қабул гардида, аз ин тафтиши пешакии 1262 парванда ба итмом расонида шудааст. Бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ 1204 парванда ба суд ирсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 19 парванда зиёд мебошад, гуфт, А. Раҳимзода.
Дар давоми соли 2022 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон 134 ҳолати ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 тамоюли пастравӣ дорад. Перомуни ҳодисаҳои ба худкушӣ расонидан 16 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, то ин ҷониб 13 парванда ба суд ирсол карда шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


