Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 янв 18:33Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ
Заҳролудшавии 48 нафар аз қурутоб
24 январи соли равон 48 нафар сокинони деҳаи Чагами Ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳангоми истеъмоли хӯроки қурутоб заҳролуд шудаанд.Тавре Сайраҳмон Назриев, сухангӯи Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ, дод баъди расидани ин хабар роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати санитарию эпидемиологияи вилоят ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Ҳамчунин гурўҳи мутахассисони ботаҷриба аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ин ноҳия сафарбар шуданд.
Гуфта шуд, ки аз 48 нафари заҳролудшуда 24 нафараш ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб интиқол дода шуданд, боқимонда дар беморхонаи деҳотии Чагам бистарӣ карда шудаанд.
Баъди муоинаи табибон як қисми беморон ба хонаҳояшон рухсат шуданд ва боқимондаҳо зери назорати табибон қарор доранд.
Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Айни замон мутахассисон ташхисҳои лозимиро анҷом дода, сабаби заҳролудшавиро муайян карда истодаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


