Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳамоиш оид ба қонунигардонии маблағҳо ва дороиҳо

Дар ин вохӯрӣ масъулини ташкилотҳои қарзии молиявӣ, сокинони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Кӯшониён ва донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.
Фирдавс Самадов, мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар зимни баромади хеш гуфт, ки дар асоси вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва аз 2 июли соли 2021, №1802 қабул гардид.
-Мақсади асосиии қонунигардонии маблағҳо – ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофияти манбаи даромад, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, инчунин фаъол намудани сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушд мебошад, - гуфт Фирдавс Самадов.
Гуфта шуд, ки афзалияти Қонуни мазкур дар он мебошад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи ин Ќонун қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ин дороиҳо ва маблағҳо алоқаманд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод мебошанд. Ҳамчунин Қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд.
Дар ин ҳамоиш бозраси пешбари Шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ Абдунабӣ Мусоев низ баромад карда, ба ҳозирин тамоми нозукиҳои қонунигардонии маблағҳо ва дороиҳои шаҳрвандонро фаҳмонид.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён ба таври озод саволу ҷавоб баргузор гардид, ки аксарият ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


