Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ҶАВОНОН АЗ РӮИ 30 ИХТИСОС КАСБ МЕОМӮЗАНД

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба манбаи худ иттилоъ дододааст, филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати соҳибкасб гардидани шаҳрвандони шаҳру минтақаи Кӯлоб фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Бино ба гуфтаи Бурихон Тағоев, директори муассисаи мазкур, «филиали Маркази мазкур аз соли 2008 фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии онҳо хеле рушд ёфт. Аз моҳи июни соли равон сар карда, Марказ бо Ташкилоти фонди байналмилалӣ ҳамкории зич ба роҳ монд. Дар натиҷа 10 нафар духтарон ва 12 нафар писарон аз оилаҳои камбизоат дар курсҳои омӯзиши 3-моҳаи дӯзандагӣ ва 2-моҳаи барномаи компютерӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд».
Тибқи маълумоти дастрасгардида, соли равон курсҳои кӯтоҳмудати Маркази таълими калонсолони шаҳри Кӯлобро беш аз 930 нафар ҷавонону духтарон аз рӯи ихтисосҳои гуногун хатм намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра беш аз 600 нафар ҷавонони шаҳру минтақаи Кӯлоб тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои коргарӣ омӯхтанд.
Б. Тағоев дар идома изҳор дошт, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба ҳунарҳои мардумӣ дар марказҳои таълими калонсолони шаҳру минтақаи Кӯлоб аз рӯи касбҳои оҳангарӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ ва қуроқдӯзӣ омӯзиш ҷараён дорад.
Марказ дорои 8 синфхонаи таълимӣ ва 3 устохона буда, дар он 11 нафар омӯзгорон ба ҷавонписарону ҷавондухтарон касб меомӯзонанд.
Бино ба гуфтаи Бурихон Тағоев, директори муассисаи мазкур, «филиали Маркази мазкур аз соли 2008 фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии онҳо хеле рушд ёфт. Аз моҳи июни соли равон сар карда, Марказ бо Ташкилоти фонди байналмилалӣ ҳамкории зич ба роҳ монд. Дар натиҷа 10 нафар духтарон ва 12 нафар писарон аз оилаҳои камбизоат дар курсҳои омӯзиши 3-моҳаи дӯзандагӣ ва 2-моҳаи барномаи компютерӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд».

Тибқи иттилои манбаъ, ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра беш аз 600 нафар ҷавонони шаҳру минтақаи Кӯлоб тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои коргарӣ омӯхтанд.
Б. Тағоев дар идома изҳор дошт, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба ҳунарҳои мардумӣ дар марказҳои таълими калонсолони шаҳру минтақаи Кӯлоб аз рӯи касбҳои оҳангарӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ ва қуроқдӯзӣ омӯзиш ҷараён дорад.
Марказ дорои 8 синфхонаи таълимӣ ва 3 устохона буда, дар он 11 нафар омӯзгорон ба ҷавонписарону ҷавондухтарон касб меомӯзонанд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД