Бойгонӣ

АДИБОНИ ХАТЛОНӢ

ОФОҚ



КИСТ МОДАР

Он ки файзу офият бахшид,

Бо фузуданҳову бо дарку шикастанҳо

Рӯҳи роҳи зиндагӣ рахшид.

Кист модар,

Пайкаре, ки дардро нашнохт,

Ҷисмҳои нав ба дунё дод,

Сӯхт, аммо зиндагиро сохт.

Кист модар,

Он, ки рӯзу шаб нафас бишмурд,

То саҳар шабзиндадорӣ кард

Қиммати худ то фалакҳо бурд.

Кист модар,

Синаи раҳмаш бақои умр,

Як фаришта, як азизи дил,

Кадхудои хонадони мо, 

Ҷонфидои умр.

Модари мо буд,

Оре, оре, модари мо буд.

Модари ғампарвари мо буд.


ОНКИ МОРО ТАРБИЯТ БАХШИД

Аввалин устоди умри мо,

Аввалин африштаи зебо.

Дар каломаш лутфу раҳмат буд.

Поку ширин бо муҳаббат буд.

Дар сурудаш дарки шафқат буд.

Аллаҳояш мисли номаш то абад зебост,

Бебаҳои мост.

Бо ҳавас бар рӯи мо хандид,

Роҳрафтанро ба мо омӯхт.

То ба каҷроҳӣ наандешем,

Пойандози шарофат дӯхт.

Қиссаи мардонагиро хонд, 

Дар ҳавои ишқи Меҳан,

Ҳам навои хушмуродиро,

Бо нигоҳи меҳр созиш дод,

То ҳақиқатро пазируфтем.

Модари раҳдури зебоям,

Чашм бар роҳ ҳасту танҳо аст.

Мо пайи дунёву дилбозӣ

Модари мо ғарқи ғамҳо аст.

Бо дуои хайри ӯ шодем,

Сарбаланду хонаободем.

Кист пас модар,

ӯ магар бахшандаи мо нест,

Саҷда дорад ҳар замон бар Кирдугори хеш,

То амон бошем,

То набинад дарди фарзанди азизашро,

Нашъа мегирад ҳам аз Парвардигори хеш.


МО ЧӢ КАРДЕМАШ

Мо магар андар вафояш бовафо будем?

Ё магар бо ҷони зораш ҳамнаво будем?

Ё ба дардаш марҳаме аз лутф бахшидем?

 Рӯи пурожанги ӯро нек бӯсидем?

Вақти аз дунё гузаштан бачаам мегуфт,

Сӯзиши ӯро ҷавобе буд?

Дар сари гӯраш дуо гуфтем?

Рӯи хонаш шамъ афрӯхтем?

Шояд, оре, шоядам не,

Ҳарчӣ кардемаш ба қадри ҳимматаш кам буд,

Як муҷалло, поктинат, як муаззам буд.

Кист модар,

Он, ки файзу офият бахшид,

Пайкаре, ки дардро нашнохт.

Рӯи роҳи зиндагӣ рахшид.

Қиммати худ то фалакҳо бурд,

Модари мо буд, 

Модари мо буд.
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019