Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷавоҳиротро чӣ тавр ҷило бахшем?
Аз истифодабарии зиёд ва бо мурури гузашти вақт ранги ҷавоҳирот хира ва ё беҷило мегардад. Мо метавонем дар шароити хона, бе муроҷиат ба заргар онро тоза бишӯем ва ҷило бахшем. 3 усули ҷавоҳироти аз тилло ва нуқраро дар шароити хона шустан мавҷуд аст, ки онро дар зер меоварем: 1. Сода, сирко (уксус) ва кислотаи лимӯ
Аз ҳамаи маҳсулот 1:1:1 қошуқ гирифта, 1 литр об ҳамроҳ мекунем. Ба об ҷавоҳиротро андохта ба муддати 5 дақиқа меҷӯшонем. Ё ин, ки амаашро ҷудогона мевонед истифода баред. 1 қошуқ барои 1 литр об баъд аз ҷӯшонидан ҳатман ороишотро бо оби ширгарми тоза шӯед. Аммо ин усули тозакунӣ танҳо барои ҷавоҳироти аз тиллои зардл ва гулобист. Тиллои сафед ва нуқраро чунин тоза кардан мумкин нест, зеро рангаш хиратар мегардад.
2. Спирт (нашатырный), моеъи зарфшӯйӣ Дар зарфи ҳаҷмаш хурд 0, 5 қошуқҷа спирти навшодир на бо 0,5 қошуқҷа моеъи зарфшӯйи ва 0,5 истакон оби гарм омехта карда, дар он ҷавоҳиротро ба муддати 15 дақиқа мегузорем. Баъдан ҷавоҳиротро гирифта, бо оби тоза мешӯем. Ин усул барои дилхоҳ металлҳои қиматбаҳо тавсия дода мешавад.3. Спирт (нашатырный), перекис(водорода)
Ин намуди шустан барои ҷилобахшии ороишоти ҳамаи намуди металлҳо рост меояд. Вале бояд эҳтиёткор буд, чунки ҳангоми омезиши спирт ва перекис (водорода) реаксияи буғшавӣ ба амал меояд, ки нафас кашидани он зарарнок мебошад.
Дар 1 стакан оби гарм 2 қошуқи калон перекис (водорода) 3 % ва 1 қошуқ спирти навшодир ҳамроҳ намуда, хуб омехта ме намоем. Ороишотро 10 дақиқа ба ин маҳлули омодакардаамон меандозем. Сипас, онро гирифта, бо об мешӯем. Ороишот ҷило ва ранги дигар пайдо менамояд, ки аз ин албатта мо хушҳол мегардем.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


