Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АСАЛ ФАРОВОНУ НАРХАШ ГАРОН. ЧАРО?
То якуми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 531,1 тонна асал истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 тонна зиёд аст. Аммо, бинобар гаронии нархи асал на ҳама имкони харидани ин маҳсулоти фоидабахшро доранд. Бо вуҷуди ин занбӯрпарварон низ аз гарон будани маҳсулоте, ки барои парвариши занбӯри асал зарур аст, шикоят доранд.
Фурӯшандаҳо мизоҷонро фиреб медиҳанд
Сокини шаҳри Бохтар Бобоҷон Файзиев зимни суҳбат гилагузорӣ дошт, ки дар қиёс ба соли гузашта арзиши асал аз 45 - 50 сомонӣ то 80-100 сомонӣ боло рафтааст. Аз ин рӯ, сокинон имкони харидории онро надоранд.
-Ман ба хотири фоиданокии асал ба солимии инсон ҳар сари вақт барои аҳли оилаам асал мехаридам, вале бинобар қимат шудани нархи он имсол имкони харидани онро надорам. Дар шароити Тоҷикистон, ки боғу токзор ва гулу буттаҳои шаҳддор хеле зиёд аст, набояд арзиши асал ин гуна қимат бошад. Истеҳсоли асал он қадар хароҷоти зиёд надорад. Аз ин рӯ бояд нархаш ҳам муътадил бошаду барои ҳама дастрас,- мегӯяд Б. Файзиев.
Абдулҳамид Шоазимов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар баробари гарон будани нархи асал ҳамчунин аз сифати он изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфти ӯ харидорони асал дар бисёр маврид фиреб хӯрда, асали сифаташ пастро мехаранд, ки дар таркибаш шакари зиёде истифода шудааст.
-Дар бисёр ҳолат фурӯшандаҳо асали бесифатро бо нархи асали табиие, ки сифаташ хуб аст баробар мефӯрушанд, ки ин маҳз фиреби мизоҷон аст. Баъзе фурӯшандаҳо ба асал ҳар гуна шарбат, оби набот, шакар ва оби решаи гиёҳҳоро ҳамроҳ мекунанд, ки аз ин амали онҳо сифати асал гум шуда, ҳатто тамъу бӯйи аслии худро гум мекунад. Нафароне, ки занбӯри асал парвариш мекунанд, танҳо дар фасли зимистон каме хароҷот доранд. Дар дигар фаслҳо барои занбӯри асал маводи ғизоӣ фаровон аст ва занбӯрҳо аз онҳо бе ягон мушкилӣ истифода мебаранд,- мегӯяд Абдулҳамид Шоазимов.
Бозор бардорад зам кун...
Сокини ноҳияи Кӯшониён Қодиралӣ Аҳёев чанд сол аст, ки ба парвариш ва нигоҳубини занбӯри асал машғул аст. Ӯ мегӯяд, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ нозукиҳои зиёде дошта, гарчанде ин кор хароҷоти зиёдро талаб накунад, аммо мушкилоти хоси худро дорад. Дар мисоли он, ки ҳатто як иштибоҳ ё беаҳамиятии занбўриасалпарварон ба он оварда мерасонад, ки оилаҳои занбӯри асал хонаи худро тарк намуда, ба дигар мавзеъ макон ихтиёр мекунанд.
-Ман ҳар сол маҳсулоти ба дастомадаро яклухт аз нархи бозор каме арзонтар мефӯрушам. Харидорон омада аз хона асали истеҳсолкардаамро мехаранд. Соли ҷорӣ ҳар як килограмм асалро бо нархи 70 сомонӣ фурӯхтам, ки аз нархи бозор 20 сомонӣ арзон аст. Чанд соле, ки ман асал мефурӯшам, то ҳол ягон мизоҷ аз сифати маҳсулоти ман шикоят накардааст. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки сифати асал хуб бошад, - гуфт Қ. Аҳёев.
Сардори Раёсати растанипарварӣ ва чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Шамсиддин Раҳимзода оид ба сабабҳои қимат будани нархи асал чунин андеша дорад:
- Солҳои охир нарху навои асбобу олот ва дигар маҳсулоти лозимӣ барои парваришу нигоҳубини занбӯри асал, аз қабили сехҳои истеҳсоли муми варақин (вашина), шакар ва дигар дорувориҳои лозимӣ хеле баланд шудааст. Аз ин рӯ, занбӯрпарварон маҷбуранд маҳсулоташонро қимат фурӯшанд, вагарна аз ин шуғли хеш фоида ба даст оварда наметавонанд. Дар ин баробар тағйирёбии иқлим низ дар ҳосилнокии асал таъсири худро расонида истодааст. Аз як тараф, солҳои охир дар кўҳсор аз сабаби хушксолӣ маҳсулоти табиӣ кам рӯида истода бошад, аз сӯи дигар дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ масоҳати майдонҳои кишти пахта кам шуда, хоҷагидорон дар бештари заминҳо сабзавоту полезӣ кишт мекунанд, ки занбӯри асал аз ин гуна маҳсулот шира намегирад ва табиист, ки дар ин ҳолат истеҳсоли асал кам мешавад.
Сокини куҳансоли ноҳияи Кӯшониён Шералӣ Ваҳҳобов бар ин назар аст, ки солҳои пешин арзиши асал нисбат ба нархи шакар ду баробар гарон буд. Дар ин шабу рӯз бошад ин нишондод даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Занбӯрпарвари асил барои асали тоза ба даст овардан ҳеҷ гоҳ аз оби шакар истифода намебарад. Шералӣ Ваҳҳоббов худ ба парвариши занбўри асал машғул буда, 25 дарсади асали истеҳсолшударо барои занбӯрҳо нигоҳ медорад, то онҳо аз он истеъмол кунанд. Аммо бештари занбӯрпарварон имрӯз дар ин маврид аз шакар бештар истифода мебаранд ва шакарро ба асал табдил медиҳанд, ки он аз ҷиҳати сифат хеле паст мебошад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа занбӯри асал аз як килограмм шакар ҳудуди 600 грамм асал истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ, занбӯрпарварони мо аз ин таҷриба зиёд истифода мекунанд, ки ин фиреби мизоҷон аст. Бояд занбӯрпарварон фоизи даркории асали истеҳсолшударо барои занбӯрҳо нигоҳ доранд, то оилаҳои занбӯр аз он истеъмол карда асали тоза истеҳсол кунанд.
Сифати асал бояд назорат шавад
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар вилояти Хатлон 62 ҳазору 327 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки ин нишондод ҳамасола афзоиш ёфта истодааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки бояд дар бозору фурушгоҳҳо сифати асал аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор санҷиш карда шавад. Ҳамчунин Ассотсиатсияи занбўрпарваронро мебояд, ки пайваста миёни занбӯрпарварон дар баробари омӯхтани нозукиҳои соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асали хушсифат корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намояд.
Дар ин баробар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои лозимаро дар ин масъала қабул кардааст, ки ба занбӯри асалпарварон имтиёзҳои зиёде дода шудааст. Аз ин рӯ нафароне, ки ба нигоҳубину парвариши занбӯри асал машғуланду аз он имтиёзҳое, ки Ҳукумати мамлакат ба онҳо додааст, истифода мебаранд, набояд худсарона нархи асалро баланд бардоранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД